Имом Алӣ ва ёронаш



12-حبة بن جوين كان من غلاة الشيعة. يقال انه راى النبي. روى حبة عن النبي حديثين.

Ҳаббат ибни Ҷувайн, аз ғолиёни шиа (яъне рофизӣ) буд. Гуфта шуда, ки Ў Паёмбарро дида ва аз он ҳазрат ду ҳадис низ ривоят кардааст.(98) Хонандагони азиз бояд диққат дошта бошанд, ки баъзеҳо ба хотири ошкор нашудани ҳақиқат бар мардум мегўянд: Манзур аз шиа дар таъбири муҳаддисон ба касоне гуфта шуда, ки Алиро бар Усмон бартар медонистанд. Аз суханоне, ки дар бораи Абўтафил гуфта шуд ва дар бораи бисёре аз муҳаддисон дар оянда хоҳад омад, ҳақиқат надоштани ин сухан собит мешавад, чун чунон, ки гузашт Заҳабӣ ва Ибни Ҳаҷар дар бораи Абўтафил мегўянд: Ў шиаи Алӣ аст. Бо вуҷуди ин ки худи Ибни Ҳаҷар мегўяд: Абўтафил Алиро бар Абўбакру Умар муқаддам ва бартар медонист ва Ибни Аҳзам мегўяд: Абўтафил дар шиагӣ ғолӣ буд.

Ибни Ҳазм мегўяд:

قال ابن حزم: اختلف المسلمون فيمن هو افضل الناس بعد الانبياء فذهب بعض اهل السنة وبعض المعتزلة وبعض المرجئة وجميع الشيعة الى ان افضل الامة بعد رسول الله علي بن ابي طالب وقد روينا هذا القول نصا عن بعض الصحابة وعن جماعة من التابعين والفقهاء وروينا عن نحو عشرين من الصحابة انه اكرم الناس على رسول الله علي والزبير.

"Мусулмонон дар бораи ин ки чӣ касе баъд аз паёмбарон беҳтарини мардум аст, ихтилоф кардаанд. Баъзе аз аҳли суннат ва баъзе мўътазила ва баъзе мурҷиа ва ҳамаи шиаён бар ин эътиқоданд, ки беҳтарини ин уммат баъд аз Паёмбар, Алӣ ибни Абитолиб аст ва ба таҳқиқ ривоят кардаем ин қавл ва эътиқодро аз баъзе саҳобаҳо ва аз ҷамоате аз тобеин ва фуқаҳо ва аз ҳудуди бист нафар саҳоба ривоят шудааст, ки беҳтарин ва гиромитарини мардум бар Паёмбар Алӣ ва Зубайр будааст". (99)

Ибни Абдулбар мегўяд:

روي عن سلمان وأبي ذر والمقداد وخباب وجابر وأبي سعيد الخدري وزيد بن أرقم أن علي بن أبي طالب أول من أسلم وفضله هؤلاء على غيره.

Аз Салмон ва Абўзар ва Миқдод ва Хаббоб ибни Арат ва Ҷобир ва Абўсаиди Худрӣ ва Зайд ибни Арқам ривоят шуда, ки Алӣ ибни Абитолиб аввал касе аст, ки имон овардааст ва ин саҳобаҳо Алиро бар ғайраш бартарӣ медоданд. (100)

Пас аз он чӣ гузашт ин бист саҳобае, ки Ибни Ҳазм мегўяд: Алиро бартарини саҳоба медонистанд ва Салмон, Абўзар, Миқдод, Хаббоб, Ҷобир, Абўсаид, Зайд, Аммор ва Абўтафил ва дигарон аз саҳоба бинобар эътиқоди аҳли суннат рофизӣ будаанд ва ин айбест назди онҳо барои ин саҳоба.

Аввал мазҳабе, ки дар Ислом ба вуҷуд омад



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next