Имом Алӣ ва ёронаш



إنّي قد تركتُ فيكم خليفتين كتاب الله و أهل بيتي و أنَّهما لن يفترقا حتّى يردا عليَّ الحوض.

"Ба дурустӣ, ки ман дар миёни шумо ду ҷонишин ва халифа гузоштам ва он ду, китоби Худо ва Аҳли Байтам ҳастанд, ки ҳаргиз аз якдигар ҷудо намешаванд то ин ки канори ҳавз бар ман ворид шаванд".

Муснади Аҳмади Ҳанбал 5/181-189р21618-21697. Мусаннафи Ибни Абўшайба 7/418р41. "Маҷмаъ-уз-завоид"-и Ҳайсамӣ 1/170 9/162. "Силсила аҳодиси саҳеҳа"-и Албонӣ 3/355. Ҳайсамӣ аз Аҳмад ва Табаронӣ ин ҳадисро ривоят карда ва дар ҳар ду маврид, санади онро саҳеҳ гуфта ва ҳам чунин Албонӣ низ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтааст.

Ин ҳадис бо лафзи сақалайн мутавотир аст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд:

أخذ النّبيُّ صلّى الله عليه وآله بيد عليٍّ والفضل إبن عبّاس في مرض وفاته وخرج يعتمد عليهما حتّى جلس على منبر فقال: أيُّها النّاس تركتُ فيكم ما إن تمسّكتم به لن تضلُّوا: كتاب الله وعترتي أهل بيتي فلا تنافسوا ولا تحاسدوا ولا تباغضوا وكونوا إخواناً كما أمركم الله ثمّ أُصيكم بعترتي أهل بيتي.

Паёмбари гиромии Ислом дар ҳангоми беморие, ки бо он вафот карданд аз дасти Алӣ ва Фазл гирифта дар ҳоле ки ба онҳо такя доштанд ба масҷид баромаданд, бар минбар нишастанд, сипас фармуданд: Эй мардум ман дар миёни шумо ду чиз аз худам вомегузорам, ки агар ба он ду чанг бизанед (агар аз он ду пайравӣ кунед) ҳаргиз гумроҳ намешавед ва он ду, китоби Худо ва Аҳли Байтам ҳастанд. Пас бо ҳам ситезаҷўӣ накунед ва байни якдигар ҳасад наварзед, бо якдигар душманӣ накунед ва бародари якдигар бошед ҳамон гуна, ки Худованд амр кардааст. Ман боз ҳам шуморо дар бораи Аҳли Байтам супориш ва васият мекунам".

Ин ҳадиси шариф бо лафзҳои мухталиф ва ба ҳамин маъно аз 40 саҳоба ривоят шудааст, ки мо ба баъзе аз китобҳое, ки онро ривоят кардаанд ишора мекунем.

Саҳеҳи Муслим 4/873р2408 бо 4 санад. Саҳеҳи Тирмизӣ 2/308 5/663р3788-3874-3876. Саҳеҳи Ибни Хузайма 4/62р2357. "Муснад"-и Аҳмад 3/14-17-26-59р11120-11147-11227-11578 4/366-367-371 5/181-189. Мўъҷам-ул-кабир 3/65-66-67-180р2678 то 2683 ва 3052 5/54-166-167-170-182-183-186р4923-4969 то 4972-4980 то 4982-5025 то 5029-5040. Мўъҷам-ул-авсат 3/374р3339 4/33р3542 5/89. “Мусаннаф”-и Ибни Абўшайба 6/133р30081. "Муснад"-и Абўяъло 2/297-303-376р1021-1027-1140. Сунан-ул-куброи Насоӣ 5/45-51-130р8148-8175-8464 ва Мустадраки Ҳоким 3/118-148р4576-4577-4711. Маҷмаъ-уз-завоид 1/170 9/163-164 10/348-363. Силсила аҳодиси саҳеҳаи Албонӣ 4/355 то 358 ва дигарон.

Оё ҳамаи мусулмонон ба ин ҳадиси мутавотири Расули гиромии Ислом, ки ягона роҳи дар амон мондан аз гумроҳиро пайравӣ аз он муаррифӣ кардаанд, амал кардаанд? Агар диққат кунем хеле равшан аст, ки ҳам ба ин ҳадис амал нашуда ва намешавад ва ҳам ба аҳодиси қаблӣ на ҷавоби саҳеҳе дода шуда ва на амал мешавад. Пас хеле равшан аст, ки касоне, ки ба ин аҳодис ва монанди онҳо, амал намекунанд ва ҷавоби қонеъкунандае низ надоранд, дар шакку тардид зиндагии динии худро ба поён хоҳанд расонд.

Бинобар ин мусулмонон ва ҳақ хоҳон, бояд бо амал ба оёти Қуръон ва ба кор гирии неъмати бузурги илоҳӣ, ки ақл аст аз ҳақ пайравӣ кунанд ва ҳавою ҳавас ва таассуботро канор гузоранд.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next