Имом Алӣ ва ёронаш



Саъсаъа ибни Савҳон, Шаҳристонӣ ўро аз риҷоли шиа хондааст. Дар ҷанги Ҷамал парчам дар дасти бародараш Зайд буд, ў кушта шуд ва парчамро бародари дигараш Сайҳон гирифт ва ў низ кушта шуд ва баъд парчамро Саъсаъа ба даст гирифт.(94) Насоӣ аз ў ҳадис ривоят карда ва ў аз тобеин ва аз ёри наздик Имом Алӣ аст.  Заҳабӣ мегўяд: Аз бузургони асҳоби Алӣ буд. Сияру аъломун нубало 3/528р134. Саъсаъа ва ҳар ду бародараш аз саҳоба хонда шудаанд. Ба Ал-Исоба”-и Ибни Ҳаҷар муроҷиат шавад.  Ў ва бародараш Зайд ҷазви гурўҳе аз саҳоба ва тобеине буданд, ки Усмонро дашном медоданд. Таърихи Табарӣ 3/265-267. Таърихи Ибни Касир 7/186.

10-مالك بن اشتر: قال الذهبي: كان شهما مطاعا زعرا، ألب على عثمان وقاتله وكان ذا فصاحة وبلاغة. شهد صفين مع علي. وسر بهلاكه عمرو بن العاص وقال: إن لله جنودا من عسل.

Молик ибни Ҳориси Аштар, Насоӣ дар саҳеҳаш аз ў ҳадис ривоят кардааст. Шахси нерўманд ва фармонбардор буд, мардумро бар зидди Усмон ҷамъ кард, фасеҳ ва балиғ буд дар ҷанги (Ҷамал) ва Сиффин ҳамроҳи Алӣ ҳузур дошт. Вақте кушта шуд, Амр ибни Ос хушҳол шуд ва гуфт: Худо лашкаре аз асал дорад. (Муовия ва Амр бо нақша ба ў асли заҳролудро хўрониданд ва ўро шаҳид карданд). (95)

Боз Заҳабӣ менависад:

ولما رجع علي من موقعة صفين جهز الاشتر واليا على ديار مصر فمات في الطريق مسموما فقيل: إن عبدا لعثمان عارضه فسم له عسلا وقد كان علي يتبرم به لانه كان صعب المراس فلما بلغه نعيه قال: إنا لله مالك وما مالك! وهل موجود مثل ذلك؟ لو كان حديدا لكان قيدا ولو كان حجرا لكان صلدا على مثله فلتبك البواكي.

Вақте Алӣ аз ҷанги Сиффин баргашт Аштарро ба унвони ҳокими Миср ба онҷо фиристод, вале Аштар дар роҳ, бо заҳр кушта шуд гуфта шуда, ки ғуломи Усмон бар ў асали заҳролудро дода... Вақте хабари шаҳодаташ ба Алӣ расид гуфт: Инно лиллоҳ, Молик ва чист Молик! Ва оё касе монанди Молик вуҷуд дорад! Агар оҳан мешуд ҳатман занҷири (маҳкам) мешуд ва агар санг буд ҳатман санги сахту сифт мешуд, барои шахсе монанди Молик, бояд гирякунандагон бигирянд. Сияру аъломун нубалои Заҳабӣ 4/34р6. Ахборул муваффақиёти Зубайр ибни Баккор.

Ў ҷазви гурўҳе аз саҳоба ва тобеинест, ки Усмонро дашном медоданд. Таърихи Табарӣ 3/265-267. Таърихи Ибни Касир 7/186.

11-ابراهيم بن اشتر احد الابطال والاشراف كابيه كان شيعيا فاضلا.

Иброҳим Ибни Аштар аз тобеин. Заҳабӣ мегўяд: Ў ба монанди падараш яке аз шуҷоъон ва ашроф ва шахси шиа ва фозил буд. (96)

Ибни Қутайба ўро рофизӣ хондааст. (97)



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next