Имом Алӣ ва ёронаш



Абдуллоҳ ибни Шаддод, ў шиа буд. Табақоти Ибни Саъд 5/61. Ато ибни Соиб мегўяд: Абдуллоҳ ибни Шаддод мегуфт: Дўст доштам, ки ман субҳ то зўҳр (то нимарўзӣ) рўи минбар истода фазоили Алиро бигўям, сипас поин биём ва гарданам (дар ин роҳ) зада шавад, ў шиа буд. Сияру аъломун нубало 3/489р110. Аз бузургони тобеин, сиқа фақеҳ касирул ҳадис ва шиа буд. Таҳзибут таҳзиб ҷ5р422. сиҳоҳи шашгона аз ў ҳадис ривоят карда ва Бухорӣ аз ў 20 ва Муслим 10 ҳадис ривоят кардаанд.  Абдуллоҳ аз саҳоба низ хонда шудааст ва мегўянд: Ў дар замони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба дунё омад. Сияру аъломун нубало 3/489р110. Ал-Исобаи Ибни Ҳаҷар 5/11р6192.

Ин сухани Ибни Шаддод далолат бар ин мекунад, ки гуфтани фазилати Имом Алӣ манъ шуда буд ва ҷурму гуноҳ маҳсуб мешуд, ки фаровон дар таърих намунаҳои он зикр шудааст.

6-عمرو بن الحمق س د تهذيب 8ر37. ومن اصحاب النبي. عمرو بن الحمق الخزاعي هاجر بعد الحديبية... وكان ممن سار إلى عثمان وهو أحد الاربعة الذين دخلوا عليه الدار وصار من شيعة علي. حاشيه تاريخ ابن شبة 3/1116الاصابه 4/515.  

وقال بن السكن يقال إن معاوية أرسل في طلبه فلما أخذ فزع فمات فخشوا أن يتهموا فقطعوا رأسه وحملوه إليه ثم ذكر بسند جيد إلى أبي إسحاق السبيعي عن هنيدة الخزاعي قال أول رأس أهدي في الاسلام راس عمرو بن الحمق بعث به زياد إلى معاوية

Амр ибни Ҳумқ, баъд аз сулҳи Ҳудайбия ҳиҷрат кард ва аз саҳоба аст. Насоӣ ва Абўдовуд аз ў ҳадис ривоят кардаанд. Ў яке аз чаҳор нафаре буд, ки барои куштани Усмон ба хонааш дохил шуданд ва аз шиаёни Алӣ шуд. Муовия ба дастгир кардани ў дастур дод ва баъд аз маргаш сари ўро бурида ба унвони ҳадия ба Муовия фиристоданд ва ин аввалин саре буд, ки дар Ислом ҳадя дода шуд. Ҳошияи Таърихи Ибни Шубба 3/1116. Ал-Исобаи Ибни Ҳаҷар 4/515р5834. Ў ҷазви гурўҳе аз саҳоба ва тобеинест, ки Усмонро дашном медоданд. Таърихи Табарӣ 3/265-267. Таърихи Ибни Касир 7/186.

7-قيس بن عباد القيسي خ11 م5 د س ق من التابعين كان شيعيا قتله حجاج صبرا. من له رواية في ستة ذهبى 2ر4608.

Қайс ибни Ибод, аз тобеин ва шиа буд ва Ҳаҷҷоҷ тадриҷан бо азобу шиканҷа ўро кушт. Бухорӣ аз ў 11 ва Муслим 5 ва бақия аз ў ҳадис ривоят кардаанд. Ман лаҳу ривоят фи кутубис ситта ҷ2р4608. Ўро ҷузви саҳоба низ хондаанд. Ал-Исоба ҷ5р7317.

8-ظالم بن عمرو ابوالاسود الدؤلى ع خ3 م6 وكان من وجوه الشيعة. سير ذهبى 4ر28. اسلم في عهد النبي. تهذيب عن واقدي.

Золим ибни Амр Абўасвади дўалӣ, дар замони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ имон оварда ва ў аз чеҳраҳои бузурги шиа аст. (93) Сиҳоҳи шашгона аз ў ҳадис ривоят кардаанд. Бухорӣ аз ў 3 ва Муслим 6 ҳадис ривоят кардаанд. Ў аз асҳоби Имом Алӣ то Имом Саҷҷод аст.

9-صعصعة بن صوحان س هو من رجال الشيعة. كان الراية يوم الجمل بيد اخيه زيد وقتل واخذها اخيه سيحان وقتل واخذه صعصعة بعدهما. المعارف ص 206.  كان من كبار اصحاب علي. سير 3/528ر134.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next