Имом Алӣ ва ёронаш



Ибни Ҳаҷар мегўяд: Абўтафил Омир ибни Восила (аз саҳоба) ба фазилати Абўбакру Умар эътироф дошт, вале Алиро бар он ду муқаддам медошт. (88) Боз Заҳабӣ ва Ибни Ҳаҷар мегўянд: Омир аз шиаёни Алӣ буд. (89)

Соҳибони сиҳоҳи шашгонаи аҳли суннат ҳама аз Абўтафил ҳадис ривоят кардаанд. Бухорӣ 1 ҳадис ва Муслим 35 ҳадис аз ў ривоят кардаанд.

Хатиби бағдодӣ мегўяд:

خطيب عن ابي عبد الله بن الاحزم الحافظ انه سئل: لم ترك البخاري الرواية عن الصحابي ابي الطفيل؟ قال: لانه كان يفرط في التشيع.

Аз Ибни Аҳзами Ҳофиз савол шуд: Чаро Бухорӣ ривояти ҳадис аз Абўтафили саҳобиро тарк кардааст? Гуфт: Чун Абўтафил дар шиагӣ ғолӣ ва зиёдарав буд.(90)

Ибни Қутайба мегўяд: Абўтафил аз рофизиҳои ғолӣ буд ва охир касе буд, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи (ва олиҳи) ва салламро дидааст. (91)

Ёдовар мешавем, ки Бухорӣ дар саҳеҳаш аз Абўтафил ба унвони як саҳоба ҳадиси ўро, ки аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ мустақиман ривоят карда, ёд накардааст ва танҳо як ҳадис аз ў ривоят карда, ки он низ аз ҳазрати Алӣ алайҳис-салом аст.

4-سليمان بن صرد الامير ع خ7 م4 كوفي صحابي من شيعة علي ومن كبار اصحابه.

Сулаймон ибни Сурад, саҳобӣ, амир аз  шиаёни Алӣ ва аз бузургони асҳобаш буд.(92) Сиҳоҳи шашгона аз ў ҳадис ривоят кардаанд

5-عبدالله بن شداد ع خ20 م10 ثقة كان شيعيا. ابن سعد 5/61. قال عطاء بن السائب: سمعت عبدالله بن شداد يقول: وددت أني قمت على المنبر من غدوة إلى الظهر فأذكر فضائل علي بن أبي طالب ثم أنزل فيضرب عنقي. (كان) شيعيا. سير ذهبي 3/489ر110. قلت (الذهبي): هذا غلو واسراف ولد في زمن النبي. من كبار تابعين كان ثقة فقيها كثير الحديث متشيعا. تهذيب 5ر422.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next