Имом Алӣ ва ёронаш



 

 

Пас, аз он чӣ зикр шуд собит гардид, ки аҳли суннат ҳукме, ки дар бораи Абўбакр ва Умар ва ҳатто ҳамаи саҳоба дуруст кардаанд, бепоя аст ва на бо Қуръон созгорӣ дорад, на бо аҳодис ва на бо сираи худи саҳоба, ки мо чанд намуда танҳо дар бораи Абўбакр ва Умар зикр кардем ва илло агар ин гуна ахбор дар бораи ҳамаи саҳобаро ёд кунем, мутавотир ва фаровон ҳастанд. Ҳам чунин дар ғайри ин сурат, бояд мўътақидон бар ин гуфтору равиш, бояд бигўянд, ки Имом Алӣ ва Аббос ва Билол ва Ҳузайфа Ямонӣ ва амсоли онҳо низ дар рофизӣ будан ғолӣ ҳастанд ва агар инҳо рофизии ғолӣ бошанд, пайравӣ аз инҳо ва рофизӣ будан низ, бояд фахри миллати Ислом ва мусулмонон бошад. Чун Ислом, дар Қуръон ва ривоёт, пайравӣ аз Имом Алиро алайҳис-саломро мутлақан воҷиб кардааст.

Аҳамияти ривоёти кўфиён

Аз суханони баъзе аз муҳаддисин истифода мешавад, ки агар дар ҳақиқат аҳли суннат аҳодиси шиаро канор гузоранд, мактаби ҳадисӣ ва ривоии онҳо хароб хоҳад шуд ва аз байн хоҳад рафт, ки ҳам акнун ба ин ҳақиқат ишорае хоҳад шуд.

Заҳабӣ мегўяд:

فلو رد حديث هؤلاء (الرواة الشيعة) لذهب جملة من الاثار النبوية وهذه مفسدة بينة.

Агар ҳадиси ровиёни шиа канор гузошта шавад, ҳамаи аҳодисе, ки аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ расида, аз байн хоҳад рафт ва ин фасодкории ошкоре хоҳад буд. (84)

وقال ابن المديني: لو تركت أهل الكوفة لذلك الرأي يعني التشيع خربت الكتب. عقّبه الخطيب: قوله خربت الكتب يعني لذهب الحديث

Алӣ ибни Мадинӣ, ки устоди Бухорӣ аст мегўяд: Агар (аҳодиси) кўфиён ба хотири шиа буданашон канор гузошта шавад китобҳо вайрон мешаванд. Хатиб мегўяд: Манзураш ин ки: Аҳодис ҳатман аз байн ҳоҳад рафт. (85)



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next