Имом Алӣ ва ёронаш



Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: "Эй Алӣ ҳар кӣ аз ман ҷудо шавад, аз Худо ҷудо шудааст. Ҳар кӣ аз ту ҷудо шавад, дар ҳақиқат аз ман ҷудо шудааст".

 Ин ҳадис аз Абўзар, Бурайда, Умар, Абўҳурайра ва Ибни Умар ривоят шудааст.”Таърихи кабир”-и Бухорӣ 7/333. "Мустадрак"-и Ҳоким 3/133-158р4624-4703. Маҷмаъ-уз-завоид 9/128-135. Ҳоким ду санадро ва Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд ва дар аснои баъзе аз аҳодиси гузашта низ ин сухани Паёмбар зикр ва бар он таъкид шуда буд.

قال رسول الله صلى الله عليه وآله: من أطاعني فقد أطاع الله ومن عصاني فقد عصى الله ومن أطاع عليّاً فقد أطاعني ومن عصى عليّاً فقد عصاني.

 Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: "Ҳар, кӣ аз ман итоат ва фармонбардорӣ кунад, ҳатман аз Худованд фармонбардорӣ кардааст ва ҳар кӣ аз ман итоат накунад, аз Худованд итоат накардааст. Ҳар кӣ аз Алӣ итоат ва фармонбардорӣ кунад, ҳатман аз ман итоат кардааст ва ҳар кӣ Алиро нофармонӣ кунад маро нофармонӣ кардааст".

Ин ҳадис аз Абўзар ва Ҳузайфа ривоят шудааст. Мин ҳадиси хайсама 1/72. ”Мустадрак"-и Ҳоким 3/121-128р4617-4621. Ҳоким ва Заҳабӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд.

Аз ин ду ҳадис низ истифода мешавад, ки Имом Алӣ бартарини ин уммат ҳастанд ва итоат накардан аз Имом Алӣ ва ҷудо шудан аз он ҳазрат итоат накардан аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва ҷудо шудан аз Ислом аст. Ва бояд диққат дошта бошем, ки чунин ахборе дар бораи ғайри Имом Алӣ ворид нашудааст.

 

 

 

 



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next