Имом Алӣ ва ёронаш



 "Муснад"-и Аҳмад 2/442. Саҳеҳи Тирмизӣ 5/248р3870. Мустадрак 3/149р4713. “Мусаннаф”-и Ибни Абўшайба 6/512р52181. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон 15/434р2244. Маҷмаъ-уз-завоид 9/169. Таърихи Ибни Асокир 14/157 бо чаҳор санад. Ҳоким, Заҳабӣ ва Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд.

Ин аҳодиси саҳеҳ ва оёту аҳодиси фаровони дигар, ҳама бар афзал ва бартарии Имом Алӣ далолат мекунад, пас агар бартар донистани Имом Алӣ рофизӣ шудан бошад, ҳатман Худо ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ онро хоста ва ин неъмати бузурги бартарӣ бар дигаронро ба он ҳазрат бахшидаанд.

Чунон, ки мулоҳиза мекунед Худованд Мутаол ва Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, Имом Алӣ ва Аҳли Байтро ин гуна муаррифӣ кардаанд, вале ҳар, ки ба ин аҳодис амал кунад муттаҳам мешавад ва ўро ба бединӣ ва хориҷ шудани аз дин ва чизҳои дигар муттаҳам мекунанд ва ба ҷои амал ба ин гуна аҳодиси саҳеҳ, барои худ дин ва қонуни нав дуруст мекунанд ва амал кунанда бар ин аҳодисро муттаҳам мекунанд. Пас пайравӣ аз ин ва даҳҳо ва садҳо ин гуна оёту аҳодис дар ин мавзўъ воҷиб ва сазовортар аст, ё пайравӣ аз сухани касоне, ки пайравӣ аз ин навъ аҳодисро, амалан дар ҷомеаи муслимин ҷурму гуноҳ медонанд!? 

Аммо ғазаби Паёмбар дар мавриди Аммор:

عن خالد بن الوليد قال كان بينى وبين عمار بن ياسر كلام فاغلظت له في القول فانطلق عمار يشكوني إلى النبي فجاء خالد وهو يشكوه إلى النبي يقول فجعل يغلظ له ولا يزيد الا غلظة والنبى ساكت لا يتكلم فبكى عمار وقال يا رسول الله ألا تراه فرفع رسول الله رأسه وقال من عادى عمارا عاداه الله ومن أبغض عمارا أبغضه الله قال خالد فخرجت فما كان شئ أحب إلي من رضا عمار فلقيته فرضي قال عبد الله سمعته من أبى مرتين.

Дар ин достон Холид ибни Валид Амморо озор дод Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Худо душман дорад ҳар касеро, ки Амморо душман дошта бошад ва ҳар, ки Амморро душман дошта бошад Худо ўро душман дорад... Муснади Аҳмад 4/89. Мустадраки Ҳоким 3/141р5674. Маҷмаъ-уз-завоид 9/293. Ибни Ҳаббон ва Насоӣ дар саҳеҳашон. Ҳоким ва Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд.

قال النبي:... (في امر خالد) من سب عمارا سبه الله ومن ابغض عمارا ابغضه الله.

Дар ҳамин достон боз ҳазрат фармуданд: Ҳар, ки Амморро дашном диҳад Худо ҷавоби ўро хоҳад дод ва ҳар, ки Амморро душман бидорад Худо ўро душман хоҳад дошт. Маҷмаъ-уз-завоид 9/294. Сияру аъломун нубалои Заҳабӣ 1/415. Мустадраки Ҳоким 3/141р5675. Ҳоким ва Заҳабӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд.

Чунон, ки дар ин ахбор мебинед Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ бо касоне, ки бо Имом Алӣ алайҳис-салом ва Аммор бархўрди номуносиб карданд бо қотеият бархўрд карданд, вале дар мавриди Абўбакр чунин накарданд ва ҳатто аз он манъ низ накарданд?! Пас ин ақида ва бардошт, ҳеҷ далел ва пуштибонае надорад.

قال النبي صلى الله عليه وآله: يا عليُّ من فارقني فقد فارق الله ومن فارقك يا عليُّ فقد فارقني.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next