Имом Алӣ ва ёронаш



Умми Салама мегўяд: Ман шаҳодат медиҳам, ки шунидам Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ мефармуданд: Ҳар кӣ Алиро дўст бидорад, дар ҳақиқат маро дўст доштааст ва ҳар кӣ маро дўст бидорад, дар ҳақиқат, Худои мутаолро дўст доштааст. Ҳар кӣ Алиро душман бидорад, дар ҳақиқат, ки маро душман доштааст ва ҳар кӣ маро душман бидорад, ба дурустӣ Худои бузургро душман доштааст".

Мустадрак 3/141р4648. Маҷмаъ-уз-завоид 9/132. Ҳоким ва Заҳабӣ ва Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд.

قال رسول الله صلّى الله عليه وآله من أحبّ عليّاً فقد أحبّني ومن أبغض عليّاً فقد أبغضني.

 Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: "Ҳар кӣ Алиро дўст дорад, ба ҳатман маро дўст доштааст ва ҳар кӣ бо Алӣ душманӣ кунад, ҳатман бо ман душманӣ кардааст".

Ин ҳадисро Салмон, Бурайда, Ибни Масъуд ва Умми Салама ривоят кардаанд. Мўъҷам-ул-кабир 22/415 23/380р901. Маҷмаъ-уз-завоид 9/129 Таърихи Ибни Асокир 42/271. Канз-ул-уммол 11/601-622р32902-33024. Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтааст.

قال النبي صلّى الله عليه وآله لعليٍّ وفاطمة والحسن والحسين: أنا حربٌ لمن حاربتم وسلمٌ لمن سالمتم.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба Алӣ, Фотима , Ҳасан ва Ҳусайн фармуданд:"Ман дар ҷанг ҳастам бо ҳар касе, ки бо шумо дар ҷанг аст ва дар сулҳ ҳастам бо ҳар касе, ки бо шумо дар сулҳ аст".

 Ин ҳадисро Умми Салама, Абўсаид, Зайд ибни Арқам ва Абўҳурайра ривоят кардаанд. Саҳеҳи Тирмизӣ 5/570р3870-3962. Мустадрак 3/161р4714. "Сунан"-и Ибни Моҷа 1/65р145. Маҷмаъ-уз-завоид 9/169. Таърихи Ибни Касир 8/40. Санади ин ҳадис саҳеҳ аст.

نظر رسول الله صلّى الله عليه وآله إلى عليٍّ والحسن و الحسين و فاطمة فقال: أنا حربٌ لمن حاربكم و سلمٌ لمن سالمكم.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ нигоҳ ба Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайн карданду фармуданд: "Ман дар ҷанг ҳастам бо ҳар он кас, ки бо шумо биҷангад ва дар сулҳ ҳастам бо ҳар он касе, ки бо шумо дар сулҳ аст".



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next