Имом Алӣ ва ёронаш



قال رسول الله صلى الله عليه وآله: من سبَّ عليّاً فقد سبَّني ومن سبَّني فقد سبَّ اللهَ.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: "Ҳар кӣ Алиро дашном диҳад, ҳатман маро дашном додааст ва ҳар кӣ маро дашном диҳад пас ҳатман Худоро дашном додааст".

 Ин ҳадис аз Имом Алӣ, Ибни Аббос, Умми Салама ва Бурайда ривоят шудааст. Муснади Аҳмад 2/100 6/323р26791. Сунани Насоӣ 5/133р8475. Мусаннафи Ибни Абўшайба 6/371р32113. Мустадраки Ҳоким 3/130р4615-4616. Маҷмаъ-уз-завоид 9/130. Ҳоким, Заҳабӣ ва Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд.

قال رسول الله صلى الله عليه وآله: من آذى عليّاً فقد آذاني.

 Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: "Ҳар кӣ Алиро озор диҳад, ба дурустӣ маро озор додааст".

Ин ҳадис аз Имом Алӣ, Имом Ҳусайн, Умар, Умми Салама, Ҷобир,  Саъд ибни Абўваққос, Амр ибни Шос, Ибни Умар ва Абўҳурайра ривоят шудааст. Муснади Аҳмад 3/483. Ас-Сиқоти Ибни Ҳаббон 3/275р885. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон 15/365р6923. Мустадраки Ҳоким 3/131р4619. Мусаннафи Ибни Абўшайба 6/371р32108. Аҳодисул мухтораи Муқаддасӣ 3/267р1070-1071. Маҷмаъ-уз-завоид 9/129. Ҳайсамӣ, Ҳоким, Муқаддасӣ ва Заҳабӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд.

قال رسول الله صلى الله عليه وآله: عادى الله من عادى عليّاً.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: "Худованд душман дорад ҳар касеро, ки бо Алӣ душман аст".

 Ин ҳадисро Абўрофеъ ва Абдуллоҳ ибни Зубайр ривоят кардаанд. "Исоба"-и Ибни Ҳаҷар 2/373р2560. "Усд-ул-ғоба"-и Ибни Асир 2/154. Ҷомеъ-ус-сағири Суютӣ 2/145р5362. Канз-ул-уммол 11/601р32899. Санади ин ҳадис саҳеҳ аст.

عن أمّ سلمة قالتْ: أشهد أنّي سمعتُ رسول الله صلّى الله عليه وآله يقول: من أحَبَّ علياً فقد أحبَّني ومن أحبَّني فقد أحبَّ اللهَ ومن أبغض عليّاً فقد أبغضني ومن أبغضني فقد أبغض اللهَ.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next