Имом Алӣ ва ёронаш



1-Амр ибни Шос мегўяд: Ҳамроҳи Алӣ ба Яман рафтам ва дар он сафар, ў ба ман ҷафо кард то ҳадде, ки аз ў нороҳат шудам. Пас вақте ба Мадина баргаштам шикояти худро аз ў дар масҷид ошкор кардам то ин ки Паёмбар онро шунид. Субҳи рўзи баъд дохили масҷид шудам дар ҳоле, ки Паёмбар миёни асҳоб нишаста буд. Вақте маро дид чашмонаш дигаргун шуд ва тўнд бар ман нигоҳ мекард то ин, ки ман нишастам. Ҳазрат фармуд: Эй Амр, ба Худо қасам ба дурустӣ, ки маро озор додӣ. Ман гуфтам: Ба Худо паноҳ мебарам аз озори шумо эй Расули Худо. Фармуданд: Оре, ҳар ки Алиро озор диҳад ҳатман маро озор додааст”.

Муснади Аҳмад 3/483. Мусаннафи Ибни Абўшайба 6/371р32108. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон 15/365р6923. Ас-Сиқоти Ибни Ҳаббон 3/273р885. ”Фазоил-ул-саҳоба”-и Аҳмад 2.с.579.р.981. ”Муснад”-и Руёнӣ 2/451р1470. Мўъҷам-ус-саҳоба 2/201р700. Мустадраки Ҳоки 3/131р4619. Маҷмаъ-уз-завоид 9/129. Исобаи Ибни Ҳаҷар 4/646. Ҳоким, Заҳабӣ ва Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд.          

2-Саъд ибни Абиваққос мегўяд: Ҳамроҳи ду нафар дар масҷид нишаста будам. Пас дар бораи Алӣ бо ҳам гуфтугў мекардем ва аз ў ба бадӣ ёд кардем. Пас Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар ҳоле ки ғазабнок шуда буданд бар мо рў карданд, ки аз чеҳраи он ҳазрат ғазаб пайдо буд. Ман гуфтам: Паноҳ мебарам ба Худо аз ғазаби Расули Худо. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Маро бо шумо чӣ кор. Бидонед ҳар, ки Алиро озор диҳад ҳатман маро озор дода ва ин суханро се бор такрор фармуданд. Саъд баъд аз он мегуфт: Паноҳ                                                                                                                                мебарам ба Худо, аз ин ки Паёмбарро дар мавриди Алӣ озор диҳам. (82)

-Бурайда мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ Алиро ба Яман фиристод ва Холидро ба Ҷабал ва фармуд: Агар ҳар ду лашкар бо ҳам ҷамъ шудед, Алӣ раҳбари ҳама хоҳад буд. Пас ҳар ду бо ҳам ҷамъ шуданд ва ғаноиме ба даст оварданд, ки то он вақт мисли онро ба даст наоварда буданд ва Алӣ канизеро аз хумс гирифт. Холид ибни Валид Бурайдаро хонду гуфт: Ин кори Алиро ғанимат шумор ва онро ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ бирасон. Пас ман ба Мадина омадам ва дохили масҷид шудам, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар хонаашон ва мардум дами дари он ҳазрат истода буданд. Мардум аз ман пурсиданд, ки чӣ хабар аст эй Бурайда. Гуфтам хайр аст. Худованд пирўзиро насиби мусалмонон кард. Гуфтанд: Чи чиз туро ба инҷо овард. Гуфтам: Канизе, ки Алӣ аз хумс гирифт ва ман омадам, ки хабари онро ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ бирасонам. Онҳо гуфтанд: онро ба Паёмбар хабар бидеҳ ва ҳатман Алӣ аз чашми он ҳазрат соқит хоҳад шуд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ин суханонро мешуниданд. Пас дар ҳоле, ки ғазабнок шуда буданд берун омаданд ва фармуданд: Чи шуда, ки ҳамеша гурўҳе аз Алӣ бадгўӣ ва айбҷўӣ мекунанд. Ҳар, ки аз Алӣ айбҷўӣ кунад ҳатман аз ман айбҷўӣ карда ва ҳар, ки аз Алӣ ҷудо шавад ҳатман аз ман ҷудо шудааст. Ба дурустӣ, ки Алӣ аз ман аст ва ман аз ў ҳастам... Эй Бурайда ба дурустӣ, ки Алӣ баъд аз ман валии шумост. Гуфтам: Эй Расули Худо оё дастонатро боз намекунӣ то, ки аз нав барои Ислом бо шумо байъат кунам. Пас, аз он ҳазрат ҷудо нашудам то ин, ки бо он ҳазрат дубора байъат кардам”. (83) Қобил зикр аз ин хабар бо алфози дигар низ ворид шуда ва иснодаш саҳеҳ аст.

عن عمران بن حصين قال بعث رسول الله صلى الله عليه وسلم سرية واستعمل عليهم عليا فصنع علي شيئا أنكروه فتعاقد أربعة من أصحاب رسول الله صلى الله عليه وسلم أن يعلموه وكانوا إذا قدموا من سفر بدأوا برسول الله صلى الله عليه وسلم فسلموا عليه ونظروا إليه ثم ينصرفون إلى رحالهم قال فلما قدمت السرية سلموا على رسول الله صلى الله عليه وسلم فقام أحد الأربعة فقال يا رسول الله ألم تر أن عليا صنع كذا وكذا فأقبل إليه رسول الله يعرف الغضب في وجهه فقال ما تريدون من علي ما تريدون من علي علي مني وأنا من علي وهو ولي كل مؤمن بعدي.

4-Имрон Мегўяд: “Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ гурўҳеро барои ҷиҳод фиристоданд ва Алиро раҳбари он қарор доданд. Пас дар тули сафар Алӣ коре анҷом дод, ки асҳоб онро написандиданд. Чаҳор нафар аз онҳо бо ҳам аҳд бастанд, ки вақте ба Мадина бармегарданд аз ў дар маҳзари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ шикоят бикунанд. Баъд аз баргашт ва ҳолпурсӣ яке аз онҳо ба он ҳазрат гуфт, эй Расули Худо оё намебинӣ, ки Алӣ чунин ва чунон кард. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аз ў рў гардонданд он се нафари дигар низ яке пас аз дигарӣ ҳамин суханро такрор карданд ва он ҳазрат аз онҳо рў бармегардонданд. Вақте чаҳорумӣ низ ин суханро гуфт Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ  ба ў рў карданд дар ҳоле ки осори ғазаб дар чеҳраашон пайдо буд ва се мартаба фармуданд: Аз Алӣ чӣ мехоҳед. Алӣ аз ман аст ва ман аз ў ҳастам ва ў валии (сарпараст, раҳбари) ҳар мўъмин аст баъд аз ман”.

Муснади Аҳмад 5/356р33062. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон 15/373р6929. Сунани Насоӣ 5/45р8474-8475. Хасоиси Насоӣ р88-89. Муснади Абўяъло 1/293р355-488. Мусаннафи Ибни Абўшайба 6/373р32121 Муснади Таёлусӣ 1/111-360р829-2752. Ал-Оҳод вал-масонӣ 4/278р2298. Фатҳул борӣ 8/67. Сияру аъломун нубало 8/199.

Ин ҳадисро Имрон ибни Ҳусайн ва Бурайда ривоят кардаанд ва санадаш саҳеҳ аст.

Достонҳои дигаре Имом Алӣ бо дигарон низ доштаанд, ки бо ғазаби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ мувоҷеҳ шудаанд.

Ва аҳодиси зер низ ба ин ҳақиқат гавоҳӣ медиҳанд:



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next