Имом Алӣ ва ёронаш



Пас ин ҳадиси шариф, ҷавоби ботил ва бе асос будани ин сухани мардум фиребонро додааст, бо ин баён, ки имоми замон дар ҳар замоне беш аз як нафар, наметавонад бошад.

Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ аз шахсиятҳои кам назири аҳли суннат мегўяд:

  وفي صلاة عيسى خلف رجل من هذه الامة مع كونه في آخر الزمان وقرب قيام الساعة دلالة للصحيح من الاقوال أن الارض لا تخلوعن قائم لله بحجة." فتح 6/358.

“Дар намоз хондани Исо пушти сари марде аз ин уммат ва он ҳам дар охири замон ва наздики қиёмат, далелест ба ин қавлу ақидаи саҳеҳ, ки ҳатман замин аз касе, ки ҳуҷҷати Худоро бар по хоҳад кард, холӣ нахоҳад шуд. “Фатҳ-ул-борӣ”-и Ибни Ҳаҷар 6/493-494.

Ҳазрати Алӣ низ дар зимни суханони тўлонӣ дар охир мефармоянд:

...اللهم بلى لا تخلو الأرض من قائم بحجة إما ظاهر مستور وإما خائف مغمور لأن لا تبطل حجج الله وبيناته فيكم وأين أولئك الأقلون عددا الأعظمون قدرا.

Оре, Худовандо! Замин ҳеҷ гоҳ аз ҳуҷҷати илоҳӣ холӣ нахоҳад монд, ки барои Худо бо далелҳои равшан қиём кунад. Он ҳуҷҷати илоҳӣ ё ошкор ва шинохта шуда хоҳа буд ва ё бимнок ва пинҳон, то ҳуҷҷати Худо ботил нашавад ва нишонаҳояш аз байн наравад. Шуморашон чӣ қадар? Ва дар куҷо ҳастанд? Ба Худо савганд, ки шуморашон кам, вале назди Худо мақомашон бузург аст, ки Худо ба василаи онҳо ҳуҷҷатҳо ва нишонаҳои худро нигаҳ медорад, то ба касоне, ки ҳамонандашон ҳастанд, биспорад ва дар дилҳои онҳо бикорад. Ҳилят-ул-авлиё”-и Абўнаим 1/80. ”Уюн-ул-ахбор”-и Ибни Қутайба с7. ”Тазкират-ул-ҳуффоз”-и Заҳабӣ 1/11р4. ”Сафват-ул-сафва”-и Абўлфараҷ 1/331. “Таҳзиб-ул-камол”-и Маззӣ 24/221. ”Шарҳи Мақосид”-и Тафтозонӣ 5/241. ”Мифтоҳ-ул-ғайб”-и Фахри Розӣ 2/192. Ақдул-фарид 1/265. Таърихи Ибни Асокир 14/18 50/253-254-255.

Ин ҳадис ба воқеияти бузурге ишора мекунад ва он ин ки, мумкин аст ин имом ва ҳуҷҷути Худо аз чашмони мардум пинҳон ва махфӣ бошад. Ва ин ҳадис дар китобҳои ёд шуда бо 6 санад ривоят шудааст.

Пас имоми замони мо кист? Ва ин ҳуҷҷати Худое, ки аз чашмҳо пинҳон низ хоҳад буд, кист? Ва 12 халифае, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ онҳоро ҷонишини худ муаррифӣ фармуданд чӣ касоне ҳастанд? Оё вақте мо ба ин саволҳо ва амсоли он ки фаровонанд, ҷавоби қонеъ кунанда ва воқеӣ надорем, чӣ гуна метавонем худро пайрави ҳақ пиндорем? Ва муддаӣ шавем, ки ҳаққу ботилро мешиносем?

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар ҳадиси саҳеҳ ва мутавотири дигар фармуданд:



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next