Имом Алӣ ва ёронаш



 

Ибни Сирин мегўяд: Вақте ояи “Бигў, Худо ҳукми Калола (ҳукми ирси хоҳар ва бародар)ро бар шумо баён мекунад“ нозил шуд Паёмбар дар роҳ буданд, дар паҳлуи он ҳазрат Ҳузайфа буд ва ҳазрат онро ба Ҳузайфа баён карданд ва Ҳузайфа ба Умар ибни Хаттоб баён кард, ки пушти сари Ҳузайфа ҳаракат мекард. Вақте Умар ба хилофат расид аз Ҳузайфа дар бораи ин оя савол кард ва орзў дошт, ки назди Ҳузайфа тафсири ин оя бошад, Ҳузайфа ба Умар гуфт: Ба Худо қасам ту ҳатман аҳмақ ҳастӣ, агар гумон кунӣ, ки халифа буданат маро водор ба ин мекунад, ки ба ту чизеро бигўям, ки дар он рўз нагуфта будам. Умар гуфт: Ман инро нахостам, Худо туро бубахшад. (80)

Ин хабар бо ду санад ривоят шуда ва комилан саҳеҳ мебошад ва далолат бар ин дорад, ки Ҳузайфа, ки соҳиби сирри Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аст, бинобар ақидаи аҳли суннат, ғолӣ дар рофизигарӣ хоҳад буд!.

Илова бар он чӣ гузашт, Ибни Фараҳони Моликӣ аз уламои асри ҳозири шаҳри Риёзи Арабистон, ки як олими ваҳҳобӣ аст дар китобе, ки ғулувви ваҳҳобиҳо ва Ибни Абдулваҳҳобро дар кофир хондани муслимин собит карда ва онро аз хатоҳои Ибни Абдулваҳҳоб ҳисоб карда, онҷо мегўяд:

Ибни Абдулваҳҳоб ҳар касеро, ки саҳобаеро дашном диҳад, кофир медонад. Вале Имом Алӣ хавориҷро такфир накард дар ҳоле, ки хавориҷ Алиро кофир мехонданд ва дашном медоданд. Ҳам чунин Абўбакри сиддиқ дар Муснади Аҳмад бо санади саҳеҳ аз ў собит шуда, ки аз озори касе, ки ўро дашном медиҳад, манъ кард, баъд аз ин, чаро инҳо (ваҳҳобиҳо) касеро, ки саҳобаро дашном диҳад кофир мехонанд. Инҳо аз Муовия дифоъ мекунанд дар ҳоле, ки вай Алиро дашном медод. Магар дар саҳеҳи Муслим собит нашуда, ки Муовия ба дашноми Алӣ амр кард... чӣ шуда бар шумо чӣ гуна ҳукм мекунед. “Доиятун ва лайса набиян”-и Ҳасан ибни Фараҳон с 86.

Муҳимтар аз инҳо дар ҳадиси саҳеҳе чунин ривоят шуда:

وعن أبي هريرة أن رجلا شتم أبا بكر والنبي جالس فجعل النبي يعجبه ويبتسم فلما أكثر رد عليه بعض قوله فغضب النبي وقام فلحقه أبو بكر فقال يارسول الله كان يشتمني وأنت جالس فلما رددت عليه بعض قوله غضبت وقمت قال إنه كان معك ملك يرد عنك فلما رددت عليه بعض قوله وقع الشيطان فلم أكن لاقعد مع الشيطان ...

Абўҳурайра мегўяд: Марде Абўбакрро дашном дод дар ҳоле, ки Паёмбар нишаста буданду тааҷҷуб карда табассум мекарданд вақте зиёд дашном дод Абўбакр низ баъзе аз дашномашро ба худаш баргардонд, пас Паёмбар ғазабнок шуда бархестанд, ки бираванд Абўбакр ба он ҳазрат худро расонду гуфт: Ў маро дашном медод ва шумо нишаста будӣ вақте ман ўро дашном додам ғазаб карда баланд шудӣ. Фармуданд: Фариштае аз тарафи ту ҷавоби ўро медод вақте ту ҷавоби ўро додӣ шайтон ба миён омад ва ман ҷое, ки шайтон аст нахоҳам буд.(81) Ҳайсамӣ мегўяд: Санади ин ҳадис саҳеҳ аст ва Ибни Касир низ онро хуб гуфтааст.

Ин дар ҳолест, ки дар аҳодис дар бораи Имом Алӣ ва Аммор ва Салмон ва Билол омадааст, ки вақте касе онҳоро ғазабнок мекард ва ё озор медод ва ё дашном медод, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба ғазаб омада мефармуданд: Ҳар, ки инҳоро дашном диҳад, озор диҳад ва... Худоро озор дода аст, вале дар бораи Абўбакр, он ҳазрат чунин сухане нагуфтаанд.

Акнун бо чанд намуда дар ин бора барои равшан шудани ҳақиқати ин мавзўъ, ошно хоҳем шуд.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next