Имом Алӣ ва ёронаш



سمعت شريك بن عبد الله يقول: علي خير البشر فمن أبى فقد كفر.

Шарик ибни Абдуллоҳ (аз тобеин) мегуфт: Алӣ беҳтарини башар аст ва ҳар, ки напазирад кофир шавад. Таърихи Ибни Асокир 42/372. Сияру аъломун нубало 8/205.

Ин баъзе аз аҳодис аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва саҳоба буд, ки зикр гардид илова бар ин, Қуръони Карим саловот фиристодан ба Имом Алӣ ва Аҳли Байтро воҷиб карда ва агар ғайри Алӣ ва Аҳли Байт афзал аз онҳо буданд, ин гуна намешуд ва ҳам чунин, Қуръон дўст доштани Алӣ ва Аҳли Байтро воҷиб карда ва онҳоро пок қарор дода ва бартариҳои дигаре, ки Қуръон барои Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, ки аввалу сарвари онҳо Имом Алӣ алайҳис-салом аст қарор дода, ки ҳатман агар касони дигаре бартар аз инҳо буданд, ин бартариҳоро Қуръон барои онҳо қарор медод. Пас, ин Қуръон ва аҳодиси мутавотири фаровони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ҳастанд, ки Алиро афзали ин уммат муаррифӣ кардаанд, пас оё касе аз Қуръон ва суннат дар ин мавзўъ пайравӣ кунад, гумроҳ мегардад?!, ки мавриди таънаи баъзеҳо қарор гирифтааст! Мо чӣ гуна мусулмоне ҳастем, ки касонеро, ки дорои сифоте, ки дар Қуръону ривоёт омода ҳастанд, таъна мекунем ва онро айб мешуморем?!

Дашном ва таъна

Масъалаи дигар ин буд, ки Ибни Ҳаҷар гуфт: Ҳар, ки бар ин, таъна кардан ва дашномро изофа кунад ғолӣ дар рофизӣ будан аст.

Инҷо низ бояд ба ин ҳақиқат ишора шавад, ки пас бинобар эътиқоди аҳли суннат, хеле аз саҳоба дар рофизигарӣ ғолӣ будаанд монанди Имом Алӣ ва Аббос амаки Паёмбар ва Билоли ҳабашӣ ва Ҳузайфа ва дигарон, ки ҳам акнун бо ин масъала ошно хоҳем шуд.

Дар саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим чунин ривоят шуда, ки Имом Алӣ ва Аббос амаки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ баъд аз реҳлати он ҳазрат, омаданд ва аз Абўбакр ирси он ҳазратро талаб карданд Абўбакр дар ҷавоб гуфт:

فقال أبوبكر قال رسول الله ما نورث ما تركنا صدقة فرأيتماه كاذبا آثما غادرا خائنا والله يعلم انه لصادق بار راشد تابع للحق ثم توفى أبوبكر وانا ولى رسول الله وولى ابى بكر فرأيتماني كاذبا آثما غادرا خائنا والله يعلم انى لصادق بار راشد تابع للحق.

“Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд, ки мо (паёмбарон) ирс намегузорем ҳар чӣ аз худ ба ҷо гузоштем садақа аст. Умар ибни Хаттоб мегўяд: Вақте Абўбакр ин суханро гуфт, шумо (Алӣ ва Аббос) мўътақид шудед, ки Абўбакр дурўғгў, гунаҳгор, ҳилагар ва хоин аст, Худо медонад, ки Абўбакр ҳатман ростгў, некўкор, ҳидоятгар ва пайрави ҳақ буд. Сипас Абўбакр аз дунё рафт ва ман гуфтам, ки ман халифаи Паёмбар ва Абўбакр ҳастам, шумо ду нафар (Алӣ ва Аббос) мўътақид будед, ки ман дурўғгў, гунаҳгор, ҳилагар ва хоин ҳастам ва Худо медонад, ки ман ҳатман ростгў, некўкор, ҳидоятгар ва пайрави ҳақ ҳастам...(78)

Ин ҳадисро Муслим комил зикр кардааст, вале Бухорӣ, ки дар 5 ҷои саҳеҳаш онро ривоят кардааст, суханону эътиқоди Имом Алӣ ва Аббосро ҳазф кардааст.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next