Имом Алӣ ва ёронаш



 Нуъмон ибни Башир мегўяд: "Абўбакр иҷозаи дохил шудан ба маҳзари Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро хост ва дар ҳамон ҳангом садои Оишаро шунид, ки ду ё се мартаба бо садои баланд ба Паёмбари гиромии Ислом мегуфт: Ба Худо савганд дар ҳақиқат ман фаҳмидам, ки Алӣ ва Фотима дўстдоштатар ва маҳбубтар ҳастанд барои ту аз ману падарам. (Пас чун Абўбакр бо изн дохил шуд) ишора кард ба Оиша ва гуфт: Эй духтар, ман дигар нашнавам, ки садоятро бар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ баланд бикунӣ".

 "Муснад"-и Аҳмад 4/270-272-275. "Сунан"-и Насоӣ 5/139-365р8495-9155. "Хасоис"-и Насоӣ р110. "Муснад"-и Баззор 8/223р3275. "Сунан”-и Абўдовуд 4/300р4999. “Фазоил-ус-саҳоба”-и Аҳмад 1/75р39. ”Мўъҷам-ус-саҳоба”-и Ибни Қонеъ 3/144. "Маҷмаъ-уз-завоид"-и Ҳайсамӣ 9/127-201. ”Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ 3/171 10/143. Ҳайсамӣ ҳар ду санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтааст.

عن معاذية الغفّاريّة قالتْ: كان لي أنس باالنّبيّ صلى الله عليه (وآله) وسلم أخرج في الأسفار و أقوم على المرْض و أُداوي الجرحي فدخلتُ إلى رسول الله في بيت عائشة و عليٌّ خارجٌ من عنده فسمعتُه يقول: يا عائشة إنّ هذا أحبّ الرّجال إليّ و أكرمهم عليّ فأعرفي له حقّه و أكرمي مثواه.

Маозияи Ғаффория мегўяд: "Ман дилбастагӣ ва алоқаи хоссе бар Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ доштам ва дар сафарҳо бо ҳамроҳи он ҳазрат мерафтам, беморону захмиҳоро парасторӣ ва мудово мекардам. Пас рўзе ба Расули Худо, ки дар хонаи Оиша буданд дохил шудам дар ҳоле ки Алӣ аз назди он ҳазрат хориҷ мешуд ва ман шунидам, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Эй Оиша бидон ки ин (Алӣ) маҳбубтарину гиромитарини мардум бар ман аст. Пас ҳаққи ўро бишнос ва ўро гиромӣ бидор".

 Исоба"-и Ибни Ҳаҷар 8/107. "Риёз-ун-назра"-и Табарӣ 3/198. "Усд-ул-ғоба"-и Ибни Асир 5/547. "Захоир-ул-уқбо"-и Табарӣ с62.

عن معاوية ابن ثعلبة قال جاء رجل أبا ذر وهو في مسجد الرسول فقال يا أبا ذر ألا تخبرني بأحب الناس إليك فإني أعرف أن أحبهم إليك أحبهم إلى رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم قال أي ورب الكعبة إن أحبهم إلي أحبهم إلى رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم وهو ذاك الشيخ وأشار بيده إلى علي وهو يصلي أمامه.

Муовия ибни Саълаба мегўяд: “Марде ба назди Абўзар омад дар ҳоле ки ў дар масҷиди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ буд ва гуфт: Ё Абўзар оё хабар намедиҳӣ бар ман аз маҳбубтарини мардум дар назди худат? Чун ман медонам, ки маҳбубтарини мардум назди ту ҳамон маҳбубтарини мардум назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аст. Абўзар гуфт: Оре, ба парвардигори Каъба қасам ҳамоно маҳбубтарини мардум дар назди ман ҳамон маҳбубтарини мардум назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аст ва он ин шайх аст. Ва ишора кард бо дасташ ба Алӣ, ки дар пешаш намоз мехонд”.

”Ас-Сунна”-и Халлол 2/344р452. ”Ал-Комил”-и Ибни Адӣ 3/82р725. Таърихи Ибни Асокир.42/265 бо ду санад. ”Риёз-ун-назра”-и Табарӣ 3/116. ”Захоир-ул-уқбо”-и Табарӣ с62. ”Маноқиб”-и Хоразмӣ с29. Санади ин ҳадис саҳеҳ аст.

من لم يقل على خير الناس فقد كفر.

Абдуллоҳ ибни Масъуд мегўяд: Ҳар, ки нагўяд, ки Алӣ беҳтарини мардум (баъд аз Паёмбар) аст кофир гардад. Канзул уммол 11/625р33046.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next