Имом Алӣ ва ёронаш



 Ҷамеъ ибни Умайр мегўяд: "Ман бо модарам ба назди Оиша дохил шудем. Модарам пурсид, ки маҳбубтарин шахс барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) чӣ касе буд? Оиша гуфт: Фотима. Пурсида шуд, ки аз мардҳо чӣ касе? Оиша гуфт: ки шавҳараш (Алӣ). Ман монанди ў (Алӣ) касеро намедонам, ки бисёр рўзҳоро рўза бигирад ва шабҳоро бо ибодат бапо дорад".

 "Муснад"-и Абўяъло 8/270-279р4857-4865. "Мўъҷам-ул-кабир"-и Табаронӣ 22/403р1008. "Сунан-ул-кубро"-и Насоӣ 5/140 р8497. Хасоис-и Насоӣ р.111-112. "Ал-Истиоб"-и Ибни Абдулбар 4/1897. "Ал-Мустаршид"-и Табарӣ с449. "Маърифат-ус-саҳоба"-и Абўнаим 2/319. "Мустадрак"-и Ҳоким 3/167.р.4731. "Талхис"-и Заҳабӣ 3/44. Таърихи Ибни Асокир 42/260 то 263 бо 4 санад. Санади ин хабар саҳеҳ аст.

 عن جميع إبن عمير قال: دخلتُ مع عمَّتي على عائشة فسئلتْ: أيُّ النّاس كان أحَبَّ إلى رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم؟ قالتْ: فاطمة. قيل: من الرجال؟ قالتْ: زوجها إن كان ما علمتُ صوّاماً قوّاماً.

Ҷамеъ ибни Умайр мегўяд: "Бо холаам ба назди Оиша дохил шудем, аз ў пурсида шуд, ки маҳбубтарин шахс ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) чӣ касе буд? Оиша гуфт: Фотима. Гуфтанд: Аз мардон чӣ касе? Гуфт: Ҳамсараш (Алӣ) ва ман касеро намедонам, ки ба монанди ў ҳамеша ва зиёд аҳли рўза ва шабзиндадорӣ буда бошад".

 Саҳеҳи Тирмизӣ 5/362р3965. "Мустадрак"-и Ҳоким 3/171р4744. "Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ 2/125. "Усд-ул-ғоба"-и Ибни Асир 5/522. "Таҳзиб-ул-камол"-и Маззӣ 4/512. Тирмизӣ, Ҳоким ва Заҳабӣ санади ин хабарро саҳеҳ гуфтаанд.

عن جميع بن عمير قال ثم دخلت مع أمي على عائشة وانا غلام فذكرت لها عليا فقالت ما رأيت رجلا أحب إلى رسول الله صلى الله عليه وآله منه ولا امرأة أحب إلى رسول الله صلى الله عليه وآله من امرأته.

Ҷамеъ ибни Умайр мегўяд: "Бо модарам ба назди Оиша дохил шудам, модарам барои Оиша Алиро ёдовар шуд. Оиша гуфт: Ҳеҷ мардеро маҳбубтар аз Алӣ бар Паёмбар надидам ва ҳеҷ зане ҳам маҳбубтар аз ҳамсараш бар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ набуд”. Сунан-ул-кубро 5/139р8496 ва ”Хасоис”-и Насоӣ р111. ”Ал-Истиоб"-и Ибни Абдулбар 4/1897.

عن عائشة قالتْ: ما خَلَقَ اللهُ أحدا كان أحَبَّ إلى رسول الله صلى الله عليه وآله من عليٍّ.

Оиша мегўяд: Худованд инсонеро наофарида, ки аз барои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ маҳбубтар аз Алӣ буда бошад".

  ”Риёз-ун-назра”-и Табарӣ 3/117. Таърихи Ибни Асокир 42/260. санади ин ҳадис саҳеҳ аст.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next