Имом Алӣ ва ёронаш



Дар ҳадиси дигар омадааст: Анас мегўяд: Ба Паёмбар хизмат мекардам партардаи пухта шудаеро оварданд фармуд: Худоё дўстдоштатарин шах назди худат ба назди ман биовар то бо ман ин паррандаро бихўрад. Анас мегўяд: Гуфт: Худоё ин шахсро аз ансор қарор деҳ, пас Алӣ омад ман ба ў гуфтам: Ҳамоно Паёмбар машғул аст, сипас боз дубора омад ва боз ҳамин суханро гуфтам рафт ва боз омад боз гуфтам Паёмбар машғул аст, пас Паёмбар фармуданд: Дарро боз, пас ҳазрат ба Алӣ фармуданд: Чӣ туро боз дошт (яъне чаро дер омадӣ ман мунтазири ту будам) Ин севвум бор аст, ки омадам ва Анас ҳар бор, ки омадам ба гумони ин ки шумо машғул ҳастӣ маро бармегардонд. Паёмбар ба Анас гуфтанд: Чаро ин корро кардӣ? Гуфт: Ман дуои шуморо шунидам ва дўст доштам, ки шахсе аз қавми худам бошад, ҳазрат фармуданд: Мард қавмашро дўст дорад.(77) 

Ҳоким санади ин ҳадисро ба шарти Бухорӣ ва Муслим саҳеҳ гуфтааст, вале Заҳабӣ дар талхили Мустадрак Ибни Айёзро намешиносам гуфта ва баъд дар Мизонул эътидол ба хатои худ эътироф карда ва ба ин ҳадис ва суханаш ишора карда ва Ибни Аёзро садуқ ва ростгў эълон кардааст.

 

 

 

 

 

 

Ин ҳадис дорои санадҳои фаровон дар китобҳои зер аст, ки мулоҳиза хоҳед кард, вале ин ҳақиқат қобили таваҷҷўҳ аст, ки аз ин ҳадис, ки аксари муҳаддисон ин ҳадисро бо ин лафз ривоят кардаанд ва бо ин лафз низ маъруф аст, ба равшанӣ далолат бар ин мекунад, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ медонистанд, ки ин шахс Алӣ аст ва танҳо орзу ва таманно карданд, ки Худоё Алиро дар ин лаҳза ба назди ман бирасон. Лизо фармуданд: Чӣ туро нигаҳ дошт, ки дер омадӣ. Ин ҳадис бо беш аз 30 санад ва аз 11 саҳобаи дигар, ки номашон дар зер меояд дар китобҳои зер ривоят шудааст:

Имом Алӣ, Ибни Аббос, Сафина, Абўсаид, Абўтуфайл, Саъд, Амри Ос, Яъло ибни Маррат, Ҷобир, Абўрофеъ ва Ҳабашӣ.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next