Имом Алӣ ва ёронаш



Дар ҳадиси дигар фармуданд:

من مات بغير إمام مات ميتة جاهليّة.

"Ҳар кӣ бимирад, дар ҳоле ки имом надошта бошад (тобеи имоми замонаш набошад ва имоми замонашро нашносад), ба монанди мардуми замони ҷоҳилият (бедину имон) мурдааст".

Муснади Аҳмад 4/96р16929. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон 10/434р4573. Маҷмаъ-уз-завоид 5/218-225. Фатҳ-ул-борӣ 13/5 ва дигарон.

Дар ҳадиси дигар фармуданд:

ومن لم يعرف امام زمانه مات ميتة جاهلية.

Ҳар, ки имоми замонашро нашносад, ба монанди мардуми замони ҷоҳилият аз дунё рафтааст. Шарҳи мақосиди Тафтозонӣ 2/275. Шарҳи ақоиди Насафӣ. Ал-Мирқоти Алии Қорӣ 2/509.

Пас ин имоми замон дар ҳоли ҳозир чӣ касе ҳаст. Баъзеҳо барои фиреби мардум ҳар олимеро, ки дар он кишвар маъруф аст, имоми замон муаррифӣ мекунад. Бо далелҳои фаровон ботил ва нодуруст будани он равшан аст, вале мо бо ишора ба ин ҳадиси саҳеҳ, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд:

إذا بويع الخليفتين فاقتلوا الآخر منهما.

Ҳар вақт ба ду халифа байъат шавад, дуввумиро бикушед. Саҳеҳи Муслим 6/23. Мустадраки Ҳоким 2/156.  Маҷмаъ-уз-завоид 5/198 ва дигарон. Ин ҳадисро се нафар аз саҳоба ривоят кардаанд. Дар ботил будани ин сухан басанда мекунем.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next