Имом Алӣ ва ёронаш



Дар китобҳои аҳли суннат аҳодиси дигаре низ дар бораи Алӣ алайҳис-салом ва шиаёнаш вуҷуд дорад, ки мо ба сабаби хеле тўлонӣ будани баъзе аз онҳо аз зикри онҳо худдорӣ кардем.

Мулоҳиза кардед, ки хеле аз ин аҳодис санадҳои зиёд дорад ва саҳеҳи онҳо низ кам нест ва ҷамъи ин аҳодис якдигарро таъйид мекунанд, чун дар як мавзўъ ҳастанд.

Акнун бояд диққат кард, ки оё ҳамаи он касоне, ки мо мўътақидем шахси одил буданд ва аҳодисашонро қабул карда дини худро аз аҳодиси нақл кардаи онҳо мегирем, аз шиаёни Алӣ буданд ва ё на ин ки набуданд, балки мухолифи он ҳазрат низ хеле аз онҳо буданд ва ба оёту ривоёти мутавотир худашон амал накарданд. Пас мо чӣ гуна дину ақоиду худро бо аҳодисе, ки онҳо ривоят кардаанд созгор менамоем ва ба нақли онҳо амал мекунем?

Ҳам акнун ошно мешавем, ки шиа ва рофизӣ аз назари аҳли суннат чӣ касоне ҳастанд.

Мазҳаб ва шиа

Акнун бояд ошно бишавем, ки шиа дар фарҳанги аҳли суннат чӣ касоне ҳастанд, то беҳтар бишносем, ки ин ояи шарифаи ёд шуда ва он аҳодис шомили чӣ касоне хоҳад шуд ва чӣ касонеро дар бар хоҳад гирифт.

Ибни Ҳаҷар имом ва олими алал итлоқи ҳадис ва риҷоли аҳли суннат, шиаро ин гуна муаррифӣ мекунад:

والتشيع محبة علي وتقديمه على الصحابة فمن قدمه على أبي بكر وعمر فهو غال في تشيعه ويطلق عليه رافضي وإلا فشيعي فإن انضاف إلى ذلك السب أو التصريح بالبغض فغال في الرفض.

Ташаййўъ (шиа будан) дўст доштани Алӣ ва Ўро бар дигар саҳобаҳо муқаддам доштан аст. Пас ҳар, ки Алиро бар Абўбакр ва Умар муқаддам дорад, ў дар ташаййўъ ғолӣ ва зиёдарав аст ва бар ў рофизӣ гуфта мешавад ва дар ғайри ин сурат, шиа аст. Ва агар бар ин муқаддам доштани Алӣ, саббу дашномро низ изофа кунад ва ё ошкоро бигўяд, ки Абўбакру Умарро душман дорад, пас ў дар рофизӣ буданаш ғолӣ ва зиёдарав аст. (75)

Пас бинобар ин муаррифии Ибни Ҳаҷар, шиа ва рофизӣ касе аст, ки Имом Алӣ алайҳис-саломро бар ҳамаи саҳоба бартар бидонад ва касе, ки бар саҳоба ва ё Абўбакру Умар ишкол кунад ва бар онҳо таъна ворид кунад ғолӣ ва зиёдарав дар рофизигарӣ аст.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next