Имом Алӣ ва ёронаш



 

 

Касир ибни Зайд мегўяд: Аъмаш ба Мансур (халифаи аббосӣ) дохил шуддар ҳоле, ки вай барои мазолим нишаста буд, вқте ўро дид гуфт: Эй Сулаймон бармегардӣ! Гуфт Ман ҳарҷо нишастам баргаштам, сипас гуфт: Содиқ аз Боқир ва ў аз Саҷҷод ва ў аз шаҳид ва ў аз Тақӣ ва ў аз Васӣ Амиралмўъминин алайҳис-салом бар ман ривоят кард, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Ҷабраил ба ман нозил шуд ва гуфт: Ангуштари ақиқ ба даст кунед ҳамоно он аввалин санге аст, ки ба ягонагии Худованд ва паёмбарии ту ва васӣ будани Алӣ ва ба имомати фарзандонаш ва ба аҳли биҳишт будани шиёни Алӣ шаҳодат дод. Мардум сураташонро ба тарафи ў гардонданд ва ба ў гуфта шуд: Ту аз гурўҳе ном мебирӣ, ки мо онҳоро намешиносем. Аъмаш гуфт: Содиқ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад аст ва Боқир Муҳаммад ибни Алӣ аст Ва Саҷҷод, Алӣ ибни Ҳусайн аст ва шаҳид, Ҳусайн ибни Алӣ аст ва Васӣ ў ҳамон Тақӣ аст. Маноқиби Ибни Мағозалӣ с281р326.

Ёдовар мешавем, ки ровиёни ин ҳадис ҳама сиқа ва мавриди эътимод ҳастанд ва танҳоАбўтаййиб Муҳаммад ибни Ҳубайшро мо нашинохтем ва касе ўро зикр накардааст, вале чун ровии аз ў шахси сиқа ва бузурге аст ин нашинохта будани ў назди мо ҳеҷ ишколе нахоҳад дошт. Абўлфараҷ Аҳмад ибни Алӣ, ки ровии ин ҳадис аз Абўтаййиб аст, Ибни Ҳаҷар дар бораи ў мегўяд: Хатиб дар бораи ў гуфтааст: Шахси сиқа ва ҳофизи мутқан ва мазҳаби хубе дошт. Боз мегўяд: Заҳабӣ ўро дар китоби Таърихи Ислом ва ҳамчунин дар китоби “Табақотул ҳуффоз”-аш зикр карда ва ўро хеле бузург шуморидааст.(64)

Пас ин ҳадис комилан саҳеҳ аст илова бар ин ки санадҳои дигаре низ дорад.

60-عن عائشة قالت: دخل رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم وفي يده خاتم فضة وفصه عقيق فقلت: ما هذا يا رسول الله؟ قال: هذا أتاني به جبرئيل عليه السلام من عند الله فقال: يا محمد ان الله عز وجل يقرئك السلام ويقول لك تختم بالعقيق الاحمر في يمينك فانه يشهد لي بالوحدانية ويشهد لك بالنبوة ويشهد لعلي بالوصية ويشهد لولده بالامامة ولشيعته بالجنة

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дохил шуданд дор ҳоле, ки бар дасташон ангуштарини нуқра буд ва санги он ақиқ буд, ман гуфтам: Ин чӣ аст эй Расули Худо? Фармуданд: Ҷабраил инро аз пешгоҳи Худованд ба ман овард в гуфт: Эй Муҳаммад, Худованди Мутаол бар ту салом мерасонад ва ба ту мефармояд: Ангуштарини ақиқи сурх ба дасти ростат бикун ҳамоно он аввалин санге аст, ки ба ягонагии ман ва паёмбарии ту ва васӣ будани Алӣ ва ба имомати фарзандонаш ва ба аҳли биҳишт будани шиёни Алӣ шаҳодат дод.(65)

61-أبو بكر أحمد بن محمد بن اسحاق بن ابراهيم الهمداني الشهير بابن الفقيه: حدث يزيد بن هارون عن حميد بن الطويل عن أنس بن مالك قال: قال رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم: قال لي جبرئيل: يا محمد تختم بالعقيق فقلت: وما العقيق؟ قال: جبل باليمن يشهد لله بالتوحيد ولي بالرسالة ولك بالنبوة ولعلي بالوصية ولذريته بالامامة ولشيعته بالجنة.

Анас ибни Ибни Молик мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Ҷабраил ба ман гуфт: Эй Муҳаммад, ангуштари ақиқ ба дастат бикун, ман гуфтам: Ақиқ чӣ аст? Фармуд: кўҳе аст дар Яман ба ягонагии Худо ва паёмоварии ман ва паёмбарии ту ва васӣ будани Алӣ ва имом будани фарзандонаш ва аҳли биҳишт будани шиаёнаш шаҳодат медиҳад. (66)

Санади ин ҳадис низ комилан саҳеҳ мебошад ва Язид ибни Ҳорун ва Ҳумайди Тавил ва Анас, ки дар санади ин ҳадис ҳастанд ҳар се аз шахсиятҳои бузурги илмии аҳли суннат ва аз ровиёни сиҳоҳи шашгона мебошанд.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next