Имом Алӣ ва ёронаш



Имом Ҳусайн алайҳис-салом дар рўзи Ошўро баъд аз он ки ҳамаи ёронашон кушта шуданд шеъре гуфтанд, ки тўлонӣ аст ва дар он шеър аз ҷумла фармуданд: Ва шиаёни мо дар байни мардум беҳтарини шиаён ҳастанд ва душманони мо рўзи қиёмат зиён мебинанд, пас хушо ба ҳоли касоне, ки моро баъд аз маргамон зиёрат кунанд. (57)

54-وقال بشر بن الحارث الحافي: سمعت سفيان الثوري يقول: سمعت منصورا يقول: سمعت محمد بن علي يقول: الغنى والعز يجولان في قلب المؤمن فإذا وصلا إلى مكان فيه التوكل أوطناه. وقال: إن الله يلقي في قلوب شيعتنا الرعب فإذا قام قائمنا وظهر مديننا (مهدينا) كان الرجل منهم أجرأ من ليث وأمضى من سيف. وقال: شيعتنا من أطاع الله عزوجل واتقاه.

Имом Боқир алайҳис-салом мефармуданд: Бениёзӣ ва иззат дар қалби мўъмин ҷавлон мезананд, вақте ба ҷое расанд, ки дар он таваккали (ба Худо) бошад дар онҷо сокин мешаванд. Боз фармуданд: Ҳамоно Худованд дар қалбҳои шиаёни мо тарсро меандозад пас вақте қоими мо (Ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом) қиём кунад ва Маҳдии мо биёяд ҳар як аз шиаёни мо бо ҷуръаттар аз шер ва тезтар аз шамшер мешаванд. Ва фармуданд: Шиаёни мо касест, ки Худоро итоат кунад ва аз Худо битарсад. (58)

Ин ҳадисе аст, ки Ибни Касир дар таърихаш онро ривоят карда ва санаде, ки ў зикр карда, комилан саҳеҳ мебошад.

55-فتكلم الحسن فحمد الله ثم قال: أما بعد فإنكم شيعتنا وأهل مودتنا ومن نعرفه بالنصيحة والصحبة والاستقامة لنا

Имом Ҳасан баъд аз сулҳи бо Муовия фармуданд: “...Аммо баъд ҳамоно шумо шиаёни мо ва аҳли маваддати мо ҳастед. Шумо касоне ҳастед, ки мо (Аҳли Байт) шуморо ба насиҳат ва суҳбат ва истиқомату побарҷои бар нафъи мо мешиносем...(59)

Ин китоб, ки навиштаи яке аз олимони бузурги қарни севвуми аҳли суннат аст баъзе аз касоне, ки дар дурўғгўӣ ва бе ҳаёӣ хеле ба авҷ расидаанд мегўянд, ки ин китобро дигарон навишта ва ба Ибни Қутайбаи суннӣ нисбат додаанд. Дар ҳоле, ки уламои аҳли суннат ин китобро аз ҷумлаи китобҳои Ибни Қутайба баршумурдаанд, ки аз ҷамлаи онҳо Заркалии ваҳҳобӣ дар китоби “Ал-Аълом”-и худ ҷ4с137 дар шарҳи ҳоли Ибни Қутайба ин китобро аз ҷумлаи муаллифоти ў баршумурдааст.

56-وعن علي المرتضى عليه السلام: يا علي بشر شيعتك أنا الشفيع لهم يوم القيامة وقت لا ينفع مال ولا بنون إلا شفاعتي.

Аз Алии Муртазо алайҳис-салом: Эй Алӣ, шиаёнатро башорат деҳ, ки ман онҳоро рўзи қиёмат шафоат мекунам рўзе, ки молу фарзанд фоидае нарасонад, магар шафоати ман.(60)

57-عن محمد بن الحنيفة عن أبيه علي عليهما السلام قال: إني لنائم يوما إذ دخل رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم فنظر إلي وحركني برجله وقال: قم يفدي بك أبي وأمي فان جبرائيل أتاني فقال لي: بشر هذا بأن الله تعالى جعل الأئمة من صلبه، وإن الله تعالى ليغفر له ولذريته ولشيعته ولمحبيه، وإن من طعن عليه وبخس حقه فهو في النار.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next