Имом Алӣ ва ёронаш



Ин ҳадис бо санадҳои мухталиф аз Имом Алӣ ва Абўрофеъ ва Ибни Умар ва Ибни Масъуд ривоят шудааст. Ҳоким ин ҳадисро аз ҳазрати Алӣ алайҳис-салом ривоят карда ва санадашро саҳеҳ гуфта ва ба ҷои шиаёни мо, муҳиббони мо овардааст. Ва Аҳмад ибни Ҳанбал низ бо ҳамин лафз аз ҳазрати Алӣ бо санади дигар ин ҳадисро ривоят кардааст ва шиаёни мо зикр карда. Ва ин ҳадисро бо ҳамин алфоз Самҳудӣ дар Ҷавоҳирул ақдайн 2/218 ва Қундузӣ дар Янобеъ-ул-мавадда 2/355р14 аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят карда ва гуфтааст, ки ин ҳадисро Аҳмад ибни Ҳанбал дар “Фазоилус саҳоба”-аш ривоят кардааст. Ва Ҳайсамӣ, ки ин ҳадисро аз Табаронӣ аз Абўрофеъ ривоят карда гуфтааст, ки Ҳарб ибни Ҳасан ва Яҳё ибни Яъло дар санади ин ҳадис заиф ҳастанд, вале бояд диққат дошта бошем, ки Ҳарб ибни Ҳасан шахси сиқа ва ростгў аст ва дар санади Ҳоким ин ду нафар вуҷуд надоранд ҳамчунин санадҳое, ки аз Имом Алӣ ва Ибни Умар ва Ибни Масъуд ин ҳадис ривоят шудааст. Пас бо вуҷуди санади саҳеҳ барои ин ҳадис ва бисёрии санад, барои шахси бо инсоф шакке боқӣ нахоҳад монд, ки ин ҳадис аз Расули гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ содир шудааст.

50-زيد بن علي بن حسين بن علي بن أبي طالب عن أبيه عن جده الحسين عن علي قال شكوت إلى رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم حسد الناس إياي فقال يا علي إن أول أربعة يدخلون الجنة أنا وأنت والحسن والحسين وذرارينا خلف ظهورنا وأزواجنا خلف ذرارينا قال علي قلت يا رسول الله فأين شيعتنا قال شيعتكم من ورائكم

Имом Алӣ алайҳис-салом мегўянд: Ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ҳасад варзидани мардум бар манро шикоят кардам, ҳазрат фармуданд: Эй Алӣ Ҳамоно аввалин чаҳор нафаре, ки дохили биҳишт мешаванд, ман ва ту ва Ҳасану Ҳусайн ҳастем ва зуррияи мо аз паси мо ва занонамон аз паси онҳо. Алӣ гуфт: Эй Расули Худо, пас шиаёни мо куҷо хоҳанд буд? Ҳазрат фармуданд: Шиаёнатон аз пушти шумо хоҳанд буд". (54)

Ин ҳадис низ муаййиди ҳадиси қаблӣ аст ва мо санади онро баррасӣ накардем.

51-عبيد بن مهران العطار نا يحيى بن عبد الله بن الحسن عن أبيه وعن جعفر بن محمد عن أبيهما عن جدهما قالا قال رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم إن في الفردوس لعينا أحلى من الشهد وألين من الزبد وأبرد من الثلج وأطيب من المسك فيها طينة خلقنا الله منها وخلق منها شيعتنا فمن لم يكن من تلك الطينة فليس منا ولا من شيعتنا وهي الميثاق الذي أخذ الله عز وجل عليه ولاية علي بن أبي طالب. قال عبيد بن مهران فذكرت لمحمد بن حسين هذا الحديث فقال صدقك يحيى بن عبد الله هكذا أخبرني أبي عن جدي عن النبي.

Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн алайҳимо салом фармуданд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Ҳамоно дар биҳишти Фирдавс чашмае аст лазизтар аз шаҳд ва нармтар аз равған ва хунуктар аз барф ва покизатар аз миске аст, ки дар он тинате аст, ки Худованд моро аз он халқ карда ва шиаёни моро низ аз он офарид, пас ҳар, ки аз он тинат набошад аз мо нест ва на аз шиаёни мост ва ин паймонест, ки Худованд дар бораи вилояти Алӣ ибни Абитолиб гирифтааст. Убайд ибни Меҳрон мегўяд: Ин ҳадисро ба Муҳаммад ибни Ҳусайн бозгў намудам ва ў гуфт: Яҳё ибни Абдуллоҳ ба ту рост гуфта ба ман низ падарам ва бобоям аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ҳамин гуна хабар доданд. [55)

Ин ҳадисро Ибни Асокир аз се шайх ва устоди худ ривоят кардааст ва Убайд ибни Меҳрон низ ин ҳадисро аз ду нафар ривоят карда ва нафари севвум низ онро тасдиқ кардааст. Заҳабӣ дар санади ин ҳадис Убайд ибни Меҳронро маҷҳул ва шахси шинохта нашуда донистааст, вале Ибни Ҳаҷар баъд аз нақли ин ҳадис мегўяд: Заҳабӣ дар куняи ў дучори таваҳҳум шуда ва Ибни Ҳаҷар мегўяд: Убайд ибни Меҳронро Ибни Ҳаббон дар китоби “Сиқот”-и худ ворид карда (яъне Ибни Ҳаббон ўро шахси шинохта шуда ва мавриди эътимод хонда аст) ва Ибни Ҳаҷар ҳеҷ ишколе бар он ворид накардааст. Пас ин ҳадис низ бе шак санадаш саҳеҳ хоҳад буд.

52-جعفر بن محمد بن على عن أبيه محمد بن على عن على بن الحسين عن الحسين بن على عن على بن أبى طالب قال قال رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم: يا على إن أهل شيعتنا يخرجون من قبورهم يوم القيامة على ما بهم من الذنوب والعيوب وجوههم كالقمر ليلة البدر قد خرجت عنهم السوآت وسهلت لهم الموارد مستورة عوارتهم مسكنة روعاتهم قد أعطوا الامن والايمان وقد ارتفعت عنهم الاحزان يخاف الناس ولا يخافون ويحزن الناس ولا يحزنون شرك نعالهم يتلالا على نوق بيض لها أجنحة قد ذللت من غير مهانة أعناقها ذهب أحمر ألين من الحرير لكرامتهم على الله عزوجل".

Дар ин ҳадис Имом Алӣ алайҳис-салом аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ривоят карда, ки фармуданд: Эй Алӣ шиаёни мо рўзи қиёмат бо гуноҳо ва айбҳояшон аз қабрҳояшон берун меоянд дар ҳоле, ки чеҳраҳояшон монанди моҳи шаби бадр дурухшон аст... (56)

53-وشيعتنا في الناس أكرم شيعة * وباغضنا يوم القيامة يخسر فطوبى لعبد زارنا بعد موتنا



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next