Имом Алӣ ва ёронаш



Пас ин санад бе шак саҳеҳ аст илова бар ин ки ин ҳадис чунон, ки мулоҳиза мекунед ин ҳама санад ва шоҳид дорад.

47-قال رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم: إنّ الله خلقني و علياً من شجرة واحدة فأنا أصلها و عليٌّ فرعها والحسن و الحسين ثمرها وشيعتنا ورقها فمن تمسّك بهذه الشّجرة دخل الجنّة و أمين من العذاب.

 Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: "Ҳамоно Худованд ман ва Алиро аз як дарахт (аз як нур) офарид, ки ман аслу решаи он дарахт ҳастам, Алӣ шохаҳои он, Ҳасану Ҳусайн меваҳои он ва шиаёни мо барги он ҳастанд. Пас ҳар кӣ бар ин дарахт чанг бизанад (ҳар кӣ аз мо пайравӣ кард) дохили биҳишт мешавад ва аз азоби охират дар амон мемонад".

Ин ҳадиси шарифро бо ин лафз илова бар касоне, ки дар боло зикр шуд Ибни Аббос ва Ҳузайфа ва Ҷобир ибни Абдуллоҳ ва дигарон низ дар китобҳое зер ривоят кардаанд. (51)

Ин ҳадиси шариф бо ҳамин лафз ва бо санадҳои мухталиф аз Имом Боқир ва Имом Содиқ ва Ибни Аббос дар китобҳои ҳадисии мактаби Аҳли Байт алайҳимус-салом низ ривоят шудааст.

Чунон, ки гузашт ин ҳадиси шариф танҳо дар китобҳои уламои аҳли суннат аз 11 нафар ривоят шудааст, ки аз баъзеи онҳо монанди ҳазрати Алӣ ва Ибни Аббос ва Абдураҳмон ибни Авф бо беш аз як санад ин ҳадис ривоят шудааст ва шоҳид будем, ки ин ҳадис санади саҳеҳ низ дорад илова бар ин ки мешавад гуфт, ки ин ҳадис ба танҳоӣ мутавотир аст чун 11 нафар онро ривоят кардаанд ва бо мулоҳизаи аҳодисе, ки аз Имом Боқир ва Имом Содиқ бо беш аз 8-9 сунад ривоят шудааст яқини инсон бар ҳақиқати он бештар хоҳад шуд ва шакке боқӣ нахоҳад монд, ки ин ҳадиси шарифро Расули мукаррами Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ирод фармудаанд.

48-عن النبي صلى الله عليه (وآله) وسلم قال قال لي ربي عز وجل ليلة أسرى بي: من خلفت على أمتك يا محمد؟ قال قلت: يا رب أنت أعلم. قال: يا محمد؟ انتجبتك برسالتي واصطفيتك لنفسي وأنت نبيي وخيرتي من خلقي ثم الصديق الأكبر الطاهر المطهر الذي خلقته من طينتك وجعلته وزيرك وأبي سبطيك السيدين الشهيدين الطاهرين المطهرين سيدي شباب الجنة: وزوجته خير نساء العالمين أنت شجرة وعلي غصنها وفاطمة ورقها والحسن والحسين ثمارها خلقتهما من طينة عليين وخلقت شيعتكم منكم إنهم لو ضربوا على أعناقهم بالسيوف ما ازدادوا لكم إلا حبا. قلت: يا رب ومن الصديق الأكبر؟! قال: أخوك علي بن أبي طالب.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Дар шаби меъроҷ Худованди Мутаол ба ман фармуд: Эй Муҳаммад чӣ касеро бар умматат ҷонишин гузоштӣ? Гуфтам: Худоё ту донотарӣ. Фармуд: Эй Муҳаммад, туро ба паёмбарӣ баргузидам ва барои худам туро ихтиёр кардам ва ту паёмбари ман ва баргузидаи ман ҳастӣ баъд аз ту Сиддиқи акбар поку покиза шуда он касе, ки ўро аз тинати ту офаридам ва ўро вазири ту ва падари ду набераи ту ду сарвар ва ду шаҳиди покиза ду сарвари ҷавонони аҳли биҳишт қарор додам. Ҳамсари ў беҳтарини занони олам аст ва ту дарахт ҳастӣ ва алӣ шохи он ва Фотима барги он ва Ҳасану Ҳусайн меваҳои он, ин дуро аз тинати иллиййин офаридам ва шиаёнатонро аз шумо офаридам. Агар бо шамшер гардани шиаёни шуморо зада шавад чизе ҷуз муҳаббаташон бар шумо изофа намешавад. Ман гуфтам: Парвардигоро! Сиддиқи акбар кист? Фармуд: Бародарад Алӣ аст. (52) 

49-وعن أبى رافع أن رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم قال ان أول أربعة يدخلون الجنة أنا وأنت والحسن والحسين وذرارينا خلف ظهورنا وأزواجنا خلف ذرارينا وشيعتنا عن ايماننا وعن شمائلنا.

Абўрофеъ мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба Алӣ фармуданд: "Аввалин чаҳор нафаре, ки вориди биҳишт мешаванд, ман, ту ва Ҳасану Ҳусайн ҳастем, зуррияи мо аз паси мо ва занонамон аз паси онҳо ва шиаёнамон аз тарафи росту чапи мо дохили биҳишт мешаванд". (53)



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next