Имом Алӣ ва ёронаш



 

 

 

 

 

Абўамомаи Боҳилӣ мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: "Ҳамоно Худованд паёмбаронро аз дарахтони мухталиф офарид ва ману Алиро аз як дарахт (аз як нур) офарид, ки ман аслу решаи он дарахт ҳастам, Алӣ шохаҳои он, Ҳасану Ҳусайн меваҳои он ва шиаёни мо баргҳои он ҳастанд. Пас ҳар кӣ бар ин дарахт чанг бизанад (ҳар кӣ аз мо пайравӣ кард) наҷот меёбад, ҳар, ки худдорӣ кунад ҳалок мешавад. Агар обиде ҳазорҳо сол Худоро ибодат кунад, вале муҳаббати мо Аҳли Байтро надошта бошад Худованд ўро ба оташ хоҳад андохт, сипас ҳазрат ин ояро хонданд: “Бигў ман аз шумо аҷри рисолат намехоҳам ба ғайр аз мавваддату дўстии Аҳли Байтам”. Сураи Шаро 23.(49)

Ҳасаконӣ ин ҳадисро бо ду санад ва Ибни Асокир бо се санад аз Абўамома ривоят кардаанд.

46-أخبرنا أبو القاسم هبة الله بن عبد الله أنا أبو بكر الخطيب أنا عبد الله بن محمد بن عبيد الله النجار نا محمد بن المظفر نا أبو جعفر محمد بن الحسين بن حفص الخثعمي بالكوفة نا عباد بن يعقوب نا يحيى بن بشير الكندي عن إسماعيل بن إبراهيم الهمداني عن أبي إسحاق عن الحارث عن علي وعن عاصم بن ضمرة عن علي قال قال رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم شجرة أنا أصلها وعلي فرعها والحسن والحسين ثمرها والشيعة ورقها فهل يخرج من الطيب إلا الطيب وأنا مدينة وعلي بابها فمن أرادها فليأت الباب

Имом Алӣ мегўянд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Дарахтест, ман асли он ҳастам ва Алӣ фаръи он ва Ҳасану Ҳусайн меваи он ва шиаён барги он ҳастанд, оё аз покиза чизе ғайр аз покиза хориҷ мешавад ва ман шаҳр ҳастам ва Алӣ дарвозаи он пас ҳар, ки бихоҳад ба он шаҳр дохил шавад, бояд аз дарвозаи он биёяд. (50)

Ин ҳадисро аз Имом Алӣ алайҳис-салом ду нафар Ҳориси Ҳамдонӣ ва Осим ибни Зумра ривоят кардаанд ва Ибни Ҷавзӣ ин ҳадисро аз Ибни Мардавия бо санади ў ривоят карда ва дар санади он Ибод ибни Яъқубро заиф хондааст, вале воқеъ ин аст, ки санади он ҳадис бе шак саҳеҳ аст, чун Ибод ибни Яъқуб касе аст, ки Бухорӣ ва Тирмизӣ ва Ибни Моҷа аз ў дар саҳеҳи худ ҳадис ривоят кардаанд ва Ибод устоди ин се нафар ва устоди Ибни Хузайма низ будааст. Абўҳотами Розӣ ва Ибни Хузайма ўро сиқа ва мавриди эътимод хондаанд ва Доруқутнӣ ва Заҳабӣ ва Ибни Ҳаҷар ўро ростгў муаррифӣ кардаанд. Ва Заҳабӣ мегўяд: Шайху олими ростгў. Сияру аъломун нубало 11/536р155. Таҳзибут таҳзиби Ибни Ҳаҷар 5/95р183.Тақрибут таҳзиби Ибни Ҳаҷар 1/469.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next