Имом Алӣ ва ёронаш



1-الخلفاء بعدي إثنا عشر كعدد نقباء بني إسرائيل.

"Хулафо ва ҷонишинони ман баъд аз ман дувоздаҳ нафаранд ба адади пешвоёни бани Исроил".

Дар ҳадиси дигар фармуданд:

2-"لا يزال هذا الدّين عزيزاً منيعاً إلى إثنا عشر خليفة ثمَّ قال كلمةً لم أفهمها فقلْتُ لأبي: ما قال: قال كلُّهم من قريش."

"Пайваста ин дин азизу тавоно ва арҷманд хоҳад буд модоме, ки дувоздаҳ нафар раҳбарияти ин умматро ба ўҳда дошта бошанд, ва сипас калимае фармуданд, ки ман нафаҳмидам, аз падарам пурсидам, ки дар охир чӣ фармуданд? Гуфт: Фармуданд: Ҳамаи он дувоздаҳ нафар аз Қурайш хоҳанд буд".

 Ин ҳадисро Ибни Масъуд, Ҷобир ибни Самура бо 36-санад, Ибни Умар, Авн ибни Ҷуҳайфа, Абдуллоҳ ибни Амр ва Анас аз Расули гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ривоят кардаанд. (1)

Ин 12 халифа чӣ касоне ҳастанд, уламои аҳли суннат ба шиддат байни худ ихтилоф доранд, илова бар ин, Ибни Таймия Муовия ва Язид ва Абдулмалик ибни Марвон ва 4 фарзандашро аз ҷумлаи 12 халифа баршумурда, ки ҳамаи инҳо золим будаанд. Ибни Касир шогирди Ибни Таймия, ин сухани устодаш ва дигаронро, ки қариб ба ин маъно сухан гуфтаанд, рад карда ва 9 нафар аз ин 12 халифаро дар таърихаш баршумурда ва бақияро гуфтааст, ки то қиёмат, ночор бояд биёянд. Баъзе аз уламои аҳли суннат монанди Ибни Арабӣ ва дигарон гуфтаанд: Ман дар бораи ин ҳадис ба ҷое нарасидам ва онро нафаҳмидам. Савол ин ҷост, ки ин 12 халифа чӣ касоне ҳастанд ва бе шинохти онҳо чӣ гуна мо метавонем ҳақро бишносем?

Боз дар ҳадиси саҳеҳи дигар Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд:

من مات وليس في عنقه بيعة مات ميتة جاهليّة.

"Ҳар кӣ бимирад, дар ҳоле ки бар гардан байъати халифа ва имоми замонашро надошта бошад, ба монанди мардуми замони ҷоҳилият (бе дину имон) мурдааст". Саҳеҳи Муслим 3/1478р1850 ва дигарон.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next