Имом Алӣ ва ёронаш



Қисмати аввали ин ҳадис аз Имом Алӣ ва Фотимаи Заҳро бо се санад ривоят шудааст ва аммо ин ки дар қисмати охири ин ду ҳадис, ҳамин дурўғеро дурўғбофон изофа кардаанд ва худи уламои аҳли суннат монанди Заҳабӣ бар дурўғ ва бофта будани он ишора кардаанд, дурўғ будани он аз матни ҳадис низ равшан аст, чун мегўяд: Онҳо намози ҷумъа ва ҷамоат намехонанд. Ва ин тўҳматест бар шиа ва ҳеҷ воқеият надорад, лизо ҳаргиз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ чизе, ки аз ҳақиқат дур аст нахоҳанд гуфт ва монанди хуршед равшан аст, ки душманони Худо ин дурўғро дар ин гуна аҳодис изофа кардаанд. Аммо қисмати охири ҳадис, ки мегўяд: Бар салафи аввал таъна мезананд, баъд аз ишора ба аҳодиси мавриди баҳс ҷавоби онро низ хоҳед хонд.

4-قال رسول الله لعليٍّ: أنت وشيعتُك تردون على الحوض رواة مسرورين مبيضَّةٌ وجوهكم وإنَّ عدوَّك يردون على الحوض ظماء مقمُحين.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба Алӣ фармуданд: "Ту ва шиаёнаш сероб ва хушҳол вориди ҳавз мешавед дар ҳоле ки суратонатон зебо ва сафед аст ва душманони ту вориди ҳавз мешаванд дар ҳоле ки ташнаву ғазабнок хоҳанд буд".(38)

5-قال رسول الله: عليٌّ وشيعته هم الفائزون يوم القيامة.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: "Алӣ ва шиаёнаш наҷотёфтагон ҳастанд дар рўзи қиёмат".(39)

 Ин ҳадисро Имом Алӣ, Ибни Аббос, Умми Салама, Ҷобир, Абўсаид Худрӣ ва Анас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ривоят кардаанд.

6-دعبل بن علي قال: لما هربت من الخليفة بت ليلة بنيسابور وحدي وعزمت على ان اعمل قصيدة في عبد الله بن طاهر في تلك الليلة فاني لفي ذلك إذ سمعت والباب مرود علي (السلام عليكم ورحمة الله انج يرحمك الله) فاقشعر بدني من ذلك ونالني امر عظيم فقال لي: لا ترع عافاك الله فاني رجل من اخوانك من الجن من ساكني اليمن طرأ الينا طاري من اهل العراق فانشدنا قصيدتك: مدارس آيات خلت من تلاوة ومنزل وحي مقفر العرصات فاحببت ان اسمعها منك قال: فانشدته اياها فبكى حتى خر ثم قال: رحمك الله ألا احدثك حديثا يزيد في نيتك ويعينيك على التمسك بمذهبك؟ قلت: بلى قال: مكثت حينما اسمع بذكر جعفر بن محمد عليه السلام فصرت الى المدينة فسمعته يقول: حدثني ابي عن ابيه عن جده ان رسول الله صلى الله عليه واله قال: علي وشيعته هم الفائزون ثم ودعني لينصرف فقلت له: يرحمك الله ان رأيت ان تخبرني باسمك فافعل قال: انا ظبيان بن عامر.

Деъбал ибни Алӣ мегўяд: Вақте аз халифа гурехтам шабе танҳо дар Нишопур мондам, хостам дар он шаб қасидае дар бораи Абдуллоҳ ибни Тоҳир бигўям ва дар он ҳол буд, ки шунидам, ки дар ба сўи боз мешавад (Салом бар ту ва раҳмати Худо) баданам ба ларза даромад ва амри бузурге ба ман пеш омад ва ба ман гуфт: натарс Худо ба ту саломатӣ диҳад.Ман аз бародаронат аз ҷин аз Яман ҳастам, марди ироқие бар мо ворид шуду шеъри туро суруд: Мадрасаҳо холӣ аз тиловат шуданд ва хонаи ваҳй холӣ аст, дўст доштам, ки онро аз худат бишнавам, гуфт: Пас онро барои ў хондам ў гиря кард то ин ки ба замин афтод, сипас гуфт: Худо туро раҳмат кунад оё ба ту ҳадисе нақл накунам, ки дар ниятат биафзояд ва барои тамассук ба мазҳабат ёриат кунад? Гуфтам, оре. Гуфт: Ҳар вақт номи Ҷаъфар ибни Муҳаммад (Имом Содиқ) алайҳис-саломро мешунидам даранг мекардам ба Мадина рафтам ва шунидам, ки мефармуд: Падарам аз падараш аз бобояш ривоят кард, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Алҷ ва шиаёнаш дар қиёмат ҳатман растагор ҳастанд, сипас бо ман видоъ кард то баргардад, ба ў гуфтам: Худо туро раҳмат кунад, агар дўст дошта бошӣ номатро ба ман бигў. Ў гуфт: Ман Зибён ибни Омир ҳастам. (40)

7-وعن عبدالله ابن أبى نجى أن عليا أتى يوم النضير بذهب وفضة فقال ابيضى واصفرى وغرى غيرى غرى أهل الشام غدا إذا ظهروا عليك فشق قوله ذلك على الناس فذكر ذلك له فاذن في الناس فدخلوا عليه قال ان خليلي قال يا على انك ستقدم على الله وشيعتك راضين مرضيين وقدم عليك عدوك غضاب مقمحين ثم جمع يده إلى عنقه يربهم الاقماح.

Абдуллоҳ мегўяд: Рўзи Назир ба назди Алӣ (ба байтул мол) тилло ва нуқра оварданд ва Имом фармуд: Худро сафеду зард бикун ва ғайри маро шефтаи худ кун, аҳли Шомро, ки фардо бар ту соҳиб мешаванд фиред бидеҳ. Ин суханони он ҳазрат ба мардум сахт расид ва хабарро ба он ҳазрат расонданд Имом ба онҳо иҷоза дод ба наздаш омаданд Имом фармуд: Ҳамоно халилам (Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: Эй Алӣ ҳатман ва ту ва шиаёнат ба пешгоҳи Худованд ба зудӣ хоҳед омад дар ҳоле, ки шумо розӣ ҳастеду ва аз шумо низ розӣ ҳастанд ва душманонат ба назди ту ғазабнок хоҳанд омад. Сипас дастонашро бар гарданаш гузошту онро печонд. (41)



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next