Имом Алӣ ва ёронаш



Заҳабӣ дар бораи ин ҳадис мегўяд: Дар санади ин ҳадис Ҷамиъ ибни Умар ибни Савор аст, ки ў такр шудааст. Бояд диққат дошта бошем, ки ин сухани Заҳабӣ ғайри саҳеҳ аст ва Ҷамиъ ибни Умар чунон, ки дар санади ин ҳадис дар Таърихи Бағдод ва Ибни Асокир зикр шуда ин ҳадисро аз Савор ривоят карда на ин ки ў писари Савор бошад ва касе ҳам дар бораи ў ҷарҳе накарда ва ўро заиф муаррифӣ накардааст.

0-قال رسول الله لعليٍّ: يا أبا الحسن أمّا إنَّك وشيعتك في الجنَّة.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба Алӣ фармуданд: Эй Абўлҳасан аммо ту ва шиаёнат ҳатман дар биҳишт хоҳед буд. (34)

Ин ҳадисро Имом Алӣ ва Фотимаи Заҳро ва Умми Салама ва Абўҳурайра ва Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ривоят кардаанд.

1-عن المرتضى أمير المؤمنين علي بن أبي طالب عليه السلام عن المصطفى محمد الامين سيد الأولين والآخرين صلى الله عليهم أجمعين انه قال لعلي بن أبي طالب: يا أبا الحسن كلم الشمس فانها تكلمك قال علي عليه السلام: السلام عليك ايها العبد المطيع لربه فقالت الشمس: عليك السلام يا أمير المؤمنين وامام المتقين وقائد الغر المحجلين يا علي أنت وشيعتك في الجنة يا علي أول من تنشق الأرض عنه محمد ثم أنت وأول من يحبى محمد ثم أنت وأول من يكسى محمد ثم أنت فانكب علي ساجدا" وعيناه تذرفان بالدموع فانكب عليه النبي صلى الله عليه (وآله) وسلم وقال: يا أخي وحبيبي ارفع رأسك فقد باهى الله بك أهل سبع سماوات.

Дар ин ҳадис Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба Алӣ фармуданд: Эй Алӣ бо офтоб сухан бигў ва он бо ту сухан хоҳад гуфт, Имом Алӣ ба офтоб фармуд: Салом бар ту эй бандаи фармонбардори Худо. Офтоб гуфт: бар ту салом эй Амири мўъминон ва имоми муттақиён ва пешвои пешонӣ сафедон, эй Алӣ ту ва шиаёнат дар биҳишт ҳастед...(35)

2-الساجى حدثنا موسى بن إسحاق الكنانى حدثنا عبدالحميد الحمانى عن(يحيى بن ابي حية ثقه مدلس) أبى جناب عن أبى سلمة عن عمه عن على قال النبي صلى الله عليه وسلم: أنت وشيعتك في الجنة...

Имом Алӣ мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Ту ва шиаёнат дар биҳишт ҳастед. (36)

3-عن أبي سعيد الخدري عن أم سلمة قالت كانت ليلتي وكان النبي عندي فأتته فاطمة فسبقها علي فقال له النبي يا علي أنت وأصحابك في الجنة أنت وشيعتك في الجنة. قال ممن يزعم انه يحبك قوم يرفضون الاسلام ... يقال لهم رافضة قال يا رسول الله فما العلامة فيهم قال: لا يحضرون جمعة ولا جماعة ويطعنون على السلف الاول

Абўсаид аз Умми Салама ривоят мекунад, ки гуфт: Он шаб навбати ман буд ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ назди ман буданд ва ба ҳузури он ҳазрат Фотима омад ва Алӣ бар Фотима пешӣ гирифт ва Паёмбар ба ў фармуданд: Эй Алӣ ту ва асҳобат дар биҳишт ҳастед ту ва шиаёнат дар биҳишт ҳастед. Аз касоне, ки гумон мекунанд туро дўст медоранд қавме ҳастанд, ки аз Ислом ҷудо мешавад ва ба онҳо рофиза гуфта мешавад, аломати онҳо ин аст, ки намози ҷумъа ва ҷамоат намехонанд ва ба салафи аввал (саҳоба) таъна мезананд.(37)



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next