Имом Алӣ ва ёронаш



 

Ҷобир аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ривоят карда, ки фармуданд: “Савганд ба зоте, ки маро бар ҳақ Паёмбар қарор дод ҳамоно малоика барои Алӣ талаби бахшиш мекунанд ва беш аз падар ба фарзанд, нисбат ба Алӣ ва шиаёнаш дилсўзӣ ва меҳрубонӣ доранд.” (30)

27-عن فاطمة قالت: إن أبي نظر الى علي وقال: هذا وشيعته في الجنة.

Фотима алайҳо салом мегўяд: Ҳамоно падарам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба Алӣ нигоҳ карда фармуданд: Ин ва шиаёнаш дар биҳишт ҳастанд. (31)

28-وعن جابر بن عبدالله الانصاري قال خطبنا رسول الله فسمعته وهو يقول أيها الناس من أبغضنا أهل البيت حشره الله يوم القيامة يهوديا فقلت يا رسول الله وان صام وصلى قال وان صام وصلى وزعم أنه مسلم احتجر بذلك من سفك دمه وأن يؤدى الجزية عن يد وهم صاغرون مثل لى أمتى في الطين فمر بى أصحاب الرايات فاستغفرت لعلى وشيعته.

Ҷобир мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ суханронӣ карда фармуданд: Эй мардум ҳар, ки мо Аҳли Байтро душман дошта бошад Худованд ўро рўзи қиёмат яҳудӣ маҳруш мекунад. Ман гуфтам: Эй Расули Худо гарчи рўза дорад ва намоз хонад? Фармуданд: Гарчи рўза дораду намоз ҳам хонад ва гумон кунад, ки мусулмон аст ва ба ин васила аз рехтани хунаш пешгирӣ карда бошад... умматам барои ман дар хон масал зада шуданд ва аз назди ман соҳибони парчамҳо гузаштанд пас ман барои Алӣ ва шиаёнаш талаби омўрзиш кардам. (32)

Ҳайсамӣ баъд аз нақли ин ривоят мегўяд: Дар санади ин ҳадис касоне ҳастанд, ки ман намешиносам.

Ёдовар мешавем, ки ровиёни ин ҳадис ҳама сиқа ва ё ҳадисашон ҳасан (хуб) аст ба ғайр аз Судайфи Маккӣ, ки ў заиф мебошад.

29-عن الشعبي عن على قال قال رسول الله أنت وشيعتك في الجنة.

Имом Алӣ мегўянд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Ту ва шиаёнат дар биҳишт ҳастед. (33)



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next