Имом Алӣ ва ёронаш



21-حدثنا بشر بن موسى حدثنا الحميدى حدثنا سفيان عن عبدالله بن شريك قال: قال الحسين: نبعث نحن وشيعتنا كهاتين وأشار بالسبابة والوسطى.

Имом Ҳусайн алайҳис-салом фармуданд: “Мо ва шиаёнамон монанди ин ду ангуштон даст ҳамроҳи ҳам дохили биҳишт мешавем. (24)

Ёдовар мешавем, ки ин ҳадис саҳеҳ буда ва тамоми ровиёни он сиқа мебошанд ва ин ҳадисро Уқайлӣ ва Заҳабӣ дар шарҳи ҳоли Шарик ибни Абдуллоҳ нақл кардаанд ва Шарик аз тобеин буда ва Аҳмади Ҳанбал ва Яҳё ибни Муин ва Абўзаръа ва Насоӣ ва Яъқуб ибни Суфён ва Ибни Ҳаббон ва Ибни Адӣ ўро сиқа ва мавриди эътимод гуфтаанд ва ҳамчунин Ибни Ҳаҷар мегўяд: Соҳибони саҳеҳи шашгона аз ў ҳадис ривоят кардаанд. (25)

Пас ин ҳадис ва санади он бе шак саҳеҳ мебошад.

22-احمد بن يحيى الازدي حدثنا اسمعيل بن ابان عن عمرو بن حريث وكان ثقة عن داود بن سليك عن انس ابن مالك رفعه يدخل الجنة من امتى سبعون الفا لا حساب عليهم ثم التفت إلى علي فقال هم شيعتك وانت امامهم.

Молик ибни Анас мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: 70 ҳазор аз умматам бе ҳисобу китоб дохили биҳишт мешаванд, сипас рў карданд ба тарафи Алӣ ва фармуданд: Онҳо шиаёни ту ҳастанд ва ту имомашон ҳастӣ. (26)

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммад ибни Сулаймони Санаонӣ, ки худ мутаваффои соли 300 аст ин ҳадисро бо санади дигаре ривоят кардааст ва санади ин ҳадис, ки дар боло омада саҳеҳ ва ҳамаи ровиёнаш сиқа ва мавриди эътимод мебошанд.

23-وعن أبى هريرة أن على بن أبى طالب قال يا رسول الله أيما أحب اليك أنا أم فاطمة قال فاطمة أحب إلى منك وأنت أعز علي منها وكأني بك وأنت على حوضى تذود عنه الناس وان عليه لاباريق مثل عدد نجوم السماء واني وأنت والحسن والحسين وفاطمة وعقيل وجعفر في الجنة اخوانا على سرر متقابلين أنت معي وشيعتك في الجنة ثم قرأ رسول الله (إخوانا على سرر متقابلين) لا ينظر أحد في قفا صاحبه.

Абўҳурайра мегўяд: Ҳамоно Алӣ ба Паёмбар гуфт: Эй Расули Худо кадом як аз мо назди ту маҳбубтар ҳастем, ман ё Фотима? Ҳазрат фармуданд: Фотима маҳбубтар аст бар ман аз ту ва ту азизтар ҳастӣ бар ман аз Фотима ва гўё ман туро мебинам ва ту сари ҳавзам мардум (мунофиқон)-ро аз онр меронӣ ва ҳамоно сари ҳавз ...абориқ ба монанди ситораҳои осмон хоҳанд буд ва ману ту ва Ҳасану Ҳусайн ва Фотима ва Ақил ва Ҷаъфар дар биҳишт бародаронем бар тахтҳои рў ба рўи ҳам ту ва шиаёнат дар биҳишт ҳамроҳи ман ҳастед. Сипас ин ояро хонд “Бародаранд ва бар тахтҳо рў ба рўи ҳам нишастаанд”.(27)

Ҳайсамӣ баъд аз зикри ин ҳадис мегўяд: Дар санади ин ҳадис Салмо ибни Уқба аст, ки ман ўро намешиносам ва боқимондаи ровиёни ин ҳадис ҳама сиқа ва мавриди эътимод мебошанд.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next