Имом Алӣ ва ёронаш



18-أبي هارون عن أبي سعيد قال نظر النبي إلى علي فقال هذا وشيعته هم الفائزون يوم القيامة

Абўсаиди Худрӣ мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба Алӣ нигоҳ карда фармуданд: Ин ва шиаёнаш дар рўзи қиёмат растагор хоҳанд буд.(20)

Ровиёни ин ҳадис ҳама то Абўҳорун сиқа ва мавриди эътидом ҳастанд ва Абўҳорун, ки Аммора ибни Ҷувайн аст аз тобеин буда ва Бухорӣ дар китоби “Халқу афъолил ибод” ва Тирмизӣ ва Ибни Моҷа дар саҳеҳи худ аз ў ҳадис ривоят кардаанд. Гарчи баъзеҳо ўро тазъиф кардаанд, вале баъзе аз муҳаддисони бузург монанди Абдуллоҳ ибни Авн бинобар таъкиди муҳаддисон то охири умр аз ў ҳадис ривоят кардаанд, ки ин далолат ба амонатдорӣ ва ростгўии Аммора ибни Ҷувайн мекунад. Чун Абдуллоҳ ибни Авн шахсе аст, ки дар бораи ў мегўянд: Шўъба мегўяд: Шакки Ибни Авн барои ман маҳбубтар аст аз яқини дигарон. Боз Шўъба мегўяд: Ҳеҷ  муҳаддисеро надидам магар ин, ки тадлис мекард (дар ҳоле, ки тадлисро бародари дурўғ номидаанд “Комил”-и Ибни Адӣ 1/33 “Кифоя”-и Хатиб с393) ба ғайр ва ҳамин Ибни Авн ва Амр ибни Марра. Ибни Муборак мегўяд: Касеро беҳтар аз Ибни Авн надидам. Хориҷа ибни Мусъаб мегўяд: 24 сол бо Ибни Авн ҳамроҳӣ кардам ва ман намедонам, ки фариштаҳо барои ў ҳатто кори хатое навишта бошанд. (Агар Аммора ибни Ҷувайн дурўғгў ё заиф бошад ривоят аз ў аз бузургтарин хатоҳост, пас ҳатман Аммора назди Ибни Авн сиқа будааст) Ҳишом ибни Ҳассон дар бораи ў мегўяд: Ба ман ҳадис гуфт касе, ки чашме мисли ўро надидааст, баъзеи дигарон низ ин суханро дар бораи ў гуфтаанд. Ў як рўз рўза медошт ва як рўз ифтор мекард. Ў сарвари қурроъи замонаш буд. Ибни Ҳаббон мегўяд: Ў дар тақво ва намозу ибодат ва салобат дар суннат ва сахтгирӣ бар аҳли бидъат, сарвари аҳли замонаш буд. Ибни Муин мегўяд: Ибни Авн дар ҳама чиз мавриди эътимод ва қабул аст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро дар хоб диданд ва ҳазрат гўё фармуданд: Ибни Авнро зиёрат кунед ҳамоно ў Худо ва Расулашро дўст дорад ва ё Худо ва Расулаш ўро дўст доранд. Ва хеле мадҳу ситоиши дигар, ки ин матолиб ва ғайри онро дар шарҳи ҳоли Абдуллоҳ ибни Авн дар китобҳои “Сияру аъломун нубало”-и Заҳабӣ 6/362р156 ва “Таҳзибут таҳзиб”-и Ибни Ҳаҷар 5/306р600 пайдо мекунед. Чунон, ки мулоҳиза кардед Ибни Авнро ингуна сутудаанд ва ҳамаи китобҳои саҳеҳи шашгона аз ў ҳадис ривоят кардаанд. Чӣ гуна мумкин аст Аммора ибни Ҷувайн шахси заиф ё дурўғгў бошад ва Ибни Авн бо ин фазлу мақом то дами марг аз ў ҳадис ривоят кунад. Ва ин ки ў аз Аммора то дами марг ҳадис ривоят мекарда, худ як тавсиқе аст ва бинобар ин, ҳама дар шарҳи ҳоли Аммора ибни Ҷувайн ин матлабро нақл кардаанд!!! Ва барои исботи ин матлаб мешавад ба матолиби бисёри дигар дар бораи муҳаддисон ишора кард, вале ба хотири тўлонӣ нашудан ба ҳамин миқдор басанда мешавад.

Пас, аз он чи ишора шуд собит мешавад, ки Аммора шахси сиқа ва мавриди эътимод буда ва санади ин ҳадис саҳеҳ мебошад.

19-أخبرنا أبو القاسم بن السمرقندي أنا أبو الحسين بن النقور أنا أبو الحسين ابن أخي ميمي أنا أحمد بن محمد بن سعيد الهمداني ناعلي بن الحسين بن عبيد نا إسماعيل بن أبان نا سعد بن طالب أبو علام الشيباني عن جابر بن يزيد عن محمد بن علي قال سألت أم سلمة زوج النبي عن علي فقالت سمعت النبي يقول إن عليا وشيعته هم الفائزون يوم القيامة.

Имом Боқир алайҳис-салом мегўянд: Аз Умми Салама ҳамсари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар бораи Алӣ савол кардам ва ў гуфт: Аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ шунидам, ки мефармуданд: Ҳамоно Алӣ ва шиаёнаш дар рўзи қиёмат ҳатман наҷотёфта ва растагор хоҳанд буд. (21)

Ровиёни ин ҳадис низ ҳама сиқа ҳастанд, вале дар бораи Ҷобир ибни Язиди ҷўъфӣ баъзеҳо суханҳое гуфтаанд, ки агар диққат шавад он суханон ҳеҷ гуна зараре бар ў ворид намекунад илова бар ин, муҳаддисони бузурги аҳли суннат ўро сиқа ва мавриди эътимод хондаанд. Суфёни Саврӣ мегўяд: Ман касеро бо вараъ ва бо тақвотар аз Ҷобири ҷўъфӣ дар мавриди ҳадис надидам. Шўъба мегўяд: Ҷобир ростгў аст. Ва боз мегўяд: Агар Ҷобир бигўяд: Шунидам ва ё ҳадис гуфт бар мо, пас ў аз ростгў ва мавриди эътимодтарини мардум аст. Зуҳайр ибни Муовия низ дар бораи ў ҳамин суханро гуфтааст. Вакиъ низ мегўяд: Агар дар ҳар чизе ҳам шак кардед (бикунед), вале дар ин ки Ҷобир шахси сиқа аст шак накунед. Шарик мегўяд: Ҷобир шахси одил ва мавриди ризоят аст. Суфён ба Шўъба мегўяд: Агар дар бораи Ҷобир сухане бигўӣ ман низ ҳатман дар бораи ту сухан хоҳам гуфт. Ин суханонро дар китоби “Таҳзибут таҳзиб”-и Ибни Ҳаҷар 2/41р75 пайдо мекунед. Тамоми ин 5 нафар, ки ин гувоҳиҳоро додаанд аз муҳаддисони бузурги аҳли суннат буда ва соҳибони саҳеҳи шашгона ва дигарон аз онҳо ҳадис ривоят кардаанд. Илова бар ин Тирмизӣ ва Абўдовуд ва Ибни Моҷа дар саҳеҳи худ ва Аҳмади Ҳанбал дар Муснадаш аз Ҷобир ҳадис ривоят кардаанд ва ў аз тобеин мебошад. Пас бе шак ин ҳадис саҳеҳ мебошад.

20-عن أبن لزيد بن أرقم قال: أحسبه ثابت قال: ذكر شيعة علي وشيعة عثمان عند أم سلمة فقالت: ما تذكرون من شيعة علي؟ هم الفائزون يوم القيامة.

Дар назди Умми Салама аз шиаёни Алӣ ва Усмон сухан гуфтанд, Умми Салама дастонашро ба боло бардошту гуфт: Аз шиаёни Алӣ чӣ ёд мекунед? Шиаёни Алӣ дар қиёмат ҳатман наҷотёфтагонанд.(22)

Ин ҳадисро Билозарӣ бо санади дигар аз Язид ибни Абизиёд ривоят кардааст ва санади он саҳеҳ мебошад ва дар бораи Язид ибни Абизиёд Заҳабӣ мегўяд: Имом ва муҳаддис, аз ҷумлаи тобеин ва ростгў аст.(23)



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next