Имом Алӣ ва ёронаш



Имом Боқир алайҳис-салом дар бораи ин оя “Ҳар касе дар гарави амалҳои худ аст, магар асҳоби ямин” (15) фармуданд: Мо ва шиаёнамон асҳоби ямин ҳастем. (16)

Имом Алӣ ва ёронаш дар ривоёт

Ин ки Расули гиромии Ислом, дар бораи ояи ёд шуда Имом Алӣ ва пайравони он ҳазратро мавриди назари он ояи шарифа муаррифӣ фармуданд, дар ривоёти фаровони дигар низ ҷойгоҳи волои пайравони он ҳазратро ба равшанӣ ба ҷомеаи башарӣ муаррифӣ фармудаанд, ки акнун бо ин даста ах ривоёт ошно хоҳем шуд.

15-...نا أبو محمد القاسم بن جعفر بن محمد بن عبد الله بن محمد بن عمر بن علي بن أبي طالب حدثني أبي جعفر بن محمد عن أبيه محمد بن عبد الله عن أبي عبد الله جعفر بن محمد الصادق عن محمد بن علي الباقر عن أبيه علي بن الحسين عن أبيه الحسين بن علي عن أبيه أمير المؤمنين علي بن أبي طالب قال قال رسول الله يا علي إذا كان يوم القيامة يخرج قوم من قبورهم لباسهم النور على بخائب من نور أزمتها يواقيت حمر تزفهم الملائكة إلى المحشر فقال علي تبارك الله ما أكرم هؤلاء على الله قال رسول الله يا علي هم أهل ولايتك وشيعتك ومحبوك يحبونك بحبي ويحبوني بحب الله هم الفائزون يوم القيامة.

Дар ҳадисе, ки ровиёни он аз хонадони Паёмбар ҳастанд, Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: “Эй Алӣ! вақте рўзи қиёмат мешавад гурўҳе аз қабрҳояшон берун меоянд, ки либосҳояшон аз нур ... ёқутҳои сурх, фариштаҳо онҳоро барои маҳшар зинат медиҳанд. Алӣ фармуд: Пурбаракат аст (неъматҳои) Худованд чӣ қадар гиромӣ ҳастанд инҳо назди Худованд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Эй Алӣ онҳо аҳли вилояти ту ва шиаёну дўсторон ҳастанд, ки туро ба хотири ман дўст медоранд ва маро ба хотири Худо ва онҳо дар рўзи қиёмат растагор хоҳанд буд.(17)

16-...عيسى بن عبد الله بن عبيد الله بن عمر بن علي بن أبي طالب حدثني أبي عن أبيه عن جده عن علي قال قال لي سلمان قلما طلعت على رسول الله وأنا معه إلا ضرب بين كتفي فقال يا سلمان هذا وحزبه المفلحون قال السيد أبو الحسن قدوهم فيه وعيسى بن محمد بن عبد الله بن عمر بن محمد بن علي هو ابن الحنفية فيما أظن والله أعلم.

Имом Алӣ мегўяд: Салмон ба ман гуфт: Ҳар вақт, ки ман ҳамроҳи Паёмбар будаму ту намоён мешудӣ ҳазрат мефармуданд: Эй Салмон ин ва ҳизбаш растагоранд. Сайид Абўлҳасан мегўяд: Исо ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Умар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ба назари ман писари Муҳаммади Ҳанафия аст.(18)

17-عن أبي سعيد الخدري قال قال رسول الله إن عن يمين العرش كراسي من نور عليها أقوام تلالا وجوههم نورا فقال أبو بكر أنا منهم يا نبي الله قال أنت على خير قال فقال عمر يا نبي الله أنا منهم فقال مثل ذلك ولكنهم قوم تحابوا من أجلي وهم هذا وشيعته وأشار بيده إلى علي بن أبي طالب

Абўсаиди Худрӣ мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Ҳамоно дар тарафи рости Арш тахтҳое аз нур хоҳад буд ва бар он гурўҳҳое ҳастанд, ки сураташон нуронӣ аст. Абўбакр гуфт: Эй Расули Худо оё ман аз ҷумлаи онҳо ҳастам? Фармуданд: ту бар хайр ҳастӣ ва Умар низ ҳамин саволро кард ва ҳамин ҷавобро шунид вале онҳо гурўҳе ҳастанд, ки ба хотири ман якдигарро дўст доштанд ва онҳо ин ва шиаёнаш ҳастанд ва бо дасташон ишора карданд ба Алӣ ибни Абитолиб.(19)

Дар санади ин ҳадис Абўҷоруд Зиёд ибни Мунзир аст, ки Ибни Ҳаббон ўро дар китоби Сиқоташ ворид карда яъне шахси одил ва ростгў дониста ва Тирмизӣ дар Саҳеҳаш аз ў ҳадис ривоят карда ва дигарон ўро тазъиф кардаанд. Ба ҳар ҳол ин ҳадисро метавон ба унвони шоҳид бар асли мавзўъ мавриди таваҷҷўҳ қарор дод.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next