Имом Алӣ ва ёронаш



Муалло ибни Хунайс мегўяд: Аз Имом Содиқ шунидам, ки мефармуд: Носибӣ касе нест, ки душмани мо Аҳли Байт бошад, чун ту касеро пайдо намекунӣ, ки бигўяд: Ман хонадони Паёмбарро душман дорам, вале носибӣ касест, ки душмани шумо (шиаҳо) бошад. Ў медонад, ки шумо (шиаҳо) моро дўст доред ва аз душманони мо безорӣ меҷўед. Ва фармуд: Ҳар, ки душмани моро сер (розӣ) кунад ҳатман дўсте аз дўстони моро кушта ҳаст.(159) Санади ин ҳадис саҳеҳ ё ҳасан ва хуб аст.

عن عبد الله بن سنان عن أبي عبد الله عليه السلام قال: ليس الناصب من نصب لنا أهل البيت لانك لا تجد رجلا يقول: انا ابغض محمدا وآل محمد ولكن الناصب من نصب لكم وهو يعلم انكم تتولونا وانكم من شيعتنا

Абдуллоҳ ибни Санон мегўяд: Имом Содиқ фармуд: Носибӣ касе нест, ки душмани мо Аҳли Байт бошад, чун ту касеро пайдо намекунӣ, ки бигўяд: Ман хонадони Паёмбарро душман дорам, вале носибӣ касест, ки душмани шумо (шиаҳо) бошад. Ў медонад, ки шумо моро дўст ва шумо шиаёни мо ҳастед. (160) санади ин ҳадис саҳеҳ мебошад.

Ба ин воқеияти чашмгир Имом Содиқ алайҳис салом ишора фармудаанд. Агар шумо ба китобҳои ҳадисӣ муроҷиат кунед хоҳед, ки дид, ки хеле аз ровиёни ҳадис, ки хеле аз онҳо ҳатто аз насли Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ҳастанд, бе ҳеҷ далел ва танҳо ба хотири ривояти ҳадис дар фазоили Имом Алӣ ва Аҳли Байт, муттаҳам карда шуда ва таъзиф шудаанд, чӣ расад бар пайравони Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ. Пас ин як воқеиятест, ки дар таърих ба равшанӣ мушоҳида шуда ва мешавад.

عن أبي جعفر عليه السلام قال: قال لي: يا جابر أيكتفي من ينتحل التشيع أن يقول بحبنا أهل البيت فوالله ما شيعتنا إلا من اتقى الله وأطاعه وما كانوا يعرفون يا جابر إلا بالتواضع والتخشع والامانة وكثرة ذكر الله والصوم والصلاة والبر بالوالدين والتعاهد للجيران من الفقراء وأهل المسكنة والغارمين والايتام وصدق الحديث وتلاوة القرآن وكف الالسن عن الناس إلا من خير وكانوا امناء عشائرهم في الاشياء.

Имом Боқир алайҳис-салом фармуданд: Эй Ҷобир, ин ки касе бигўяд, ки моро дўст дорад ин кифоят намекунад. Ба Худо савганд шиаи мо нест, магар касе, ки тақвои илоҳиро дошта бошад ва Ўро итоат кунад ва онҳо шинохта намешаванд, магар бо хоксорӣ ва хушўъ ва амонатдорӣ ва бисёр зикр Худо карданд ва рўза ва намоз ва некӣ ба волидайд ва ёрӣ ба ҳамсоягон аз фуқаро ва ятимон ва ростгўӣ ва тиловати Қуръон ва дурӣ аз зикри мардум магар ба некӣ ва амонатдори қавмашон. (161)

Ин ҳадис бо ду санад аз Имом Боқир алайҳис-салом ривоят шуда ва санадаш низ саҳеҳ мебошад.

Бо ҳамин миқдор ин навишторро ба охир мерасонем ва аз Худованди Мутаол ақли комил ва ишқу маъруфату маънавият ва оқибат бахайрӣ, барои ҳамагон хосторем ва Худованди Мутаол ҳамаи мусулмононро ба роҳи ҳақ ҳидоят карда бо ҳақиқати Муҳаммаду оли Муҳаммад ошно гардонад ва ҳамаи моро бо он бузургворон маҳшур фармояд.

 

Мундариҷа

Муқаддима. 4



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next