Имом Алӣ ва ёронаш



Имом Содиқ алайҳис-салом фармуданд: Шиаёни мо аҳли тақво ва иҷтиҳод ва аҳли вафо ва амодатдорӣ ва аҳли зўҳд ва ибодат ва касоне ҳастанд, ки 51 ракъат дар шабонарўз намоз мехонанд ва аҳли шабзиндадор ва рўзаш рўзам егиранд, закоти молашонро адо мекунанд ва ҳаҷ анҷом медиҳанд ва аз ҳар гуноҳе дурӣ меҷўянд.(154)

عن المفضل قال: قال الصادق عليه السلام: كذب من زعم أنه من شيعتنا وهو متمسك بعروة غيرنا.

Имом Содиқ алайҳис салом фармуданд: Дурўғ гуфта касе, ки гумон мекунад аз шиаёни мост, вале аз ғайри мо пайравӣ мекунад. (155) Зоҳиран санади ин ҳадис ҳасан ва хуб аст.

عن إبراهيم بن زياد قال: قال الصادق عليه السلام: كذب من زعم أنه يعرفنا وهو متمسك بعروة غيرنا.

Имом содиқ фармуданд: Дурўғ мегўяд ҳар, ки гумон мекунад моро мешиносад дао ҳоле, ки аз ғайри мо пайравӣ мекунад. (156) Санади ин ҳадис комилан саҳеҳ мебошад.

Имом Содиқ фармуданд: Ба Худо савганд, шиаи Алӣ нест, магар он касе, ки шикам ва фарҷашро пок нигаҳ дорад ва барои холиқаш амал кунад ва умеди савоби ўро дошта бошад ва аз иқобаш битарсад. (157)

قال أبو عبد الله عليه السلام: إياك والسفلة فإنما شيعة علي من عف بطنه وفرجه واشتد جهاده وعمل لخالقه ورجا ثوابه وخاف عقابه فإذا رأيت اولئك فاولئك شيعة جعفر.

Имом Содиқ фармуданд: Бар ту бод аз пастӣ ва фурўмоягӣ, пас шиаи Алӣ танҳо касест, ки шикам ва фарҷашро пок нигаҳ дорад ва саъю кўшишаш сахт бошад ва барои холиқаш амал кунад ва умеди савоби ўро дошта бошад ва аз иқобаш битарсад, пас вақте чунин афродро дидӣ бидон, ки онҳо шиаи Ҷаъфар ҳастанд. (158)

Ин ҳадис бо се санад ривоят шуда ва санади ин ҳадис комилан саҳеҳ мебошад.

عن المعلى بن خنيس قال: سمعت أبا عبد الله عليه السلام يقول: ليس الناصب من نصب لنا أهل البيت لانك لاتجد أحدا يقول: أنا ابغض محمدا وآل محمد ولكن الناصب من نصب لكم وهو يعلم أنكم تتولونا أو تتبرؤون من أعدائنا وقال عليه السلام: من أشبع عدوا لنا فقد قتل وليا لنا.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next