Имом Алӣ ва ёронаш



 

 

 

Илёс Қосимов

Муқаддима

Бо ёрии Худованди Мутаол хостем хонандагони азизро бо ҳақоиқе, ки шояд хелеҳо аз он дур ва бе хабар бошанд, ошно гардонем ва ин навишторро, ки дар бар дорандаи муаррифие аст, ки Худованди Мутаол ва Расули гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар Қуръон ва ривоёт, Алӣ ва пайравонашро муаррифӣ кардаанд, дар ихтиёри хонандагон қарор диҳем то бо миқдоре огоҳӣ ва илму маърифат, қадам ба ҳар роҳе, ки мехоҳанд бигзоранд.

Аввалан ёдовар мешавем, ки ин ахбору аҳодис ва назароте, ки мо ин ҷо овардем ҳама аз уламо ва муҳаддисони аҳли суннат ва китобҳои онҳо ба ғайр аз чанд ҳадис зери сарфасли “Сифоти пайравони Аҳли Байт”. Ва ин матлабро ба ин хотир ёдовар шудем, ки мутаассифона баъзеҳо барои мардумро дар гумроҳӣ ва бе хабарӣ нигаҳ доштан, ба онҳо дар мақоми ҷавоб, ҳамаи олимони аҳли суннатро низ аз суннӣ будан хориҷ мекунанд, чун медонанд, ки мардум на олимеро мешиносанд ва на китобашро, ба ҳамин хотир имрўз ваҳҳобиҳо мебинанд, ки дар суханони уламои аҳли суннат, дурўғгў ва пайрави ҳавою ҳавас будани ваҳҳобиҳо ба равшанӣ баён шуда, худро суннӣ ва уламо ва ҳатто барҷастатарин шахсиятҳои аҳли суннатро ба шахси бе аҳамият ва ҳатто ғайри суннӣ муаррифӣ мекунанд то аз ин роҳ битавонанд мардумро фиреб дода ва дар ақидаи ваҳҳобигарии худ дохил кунанд.

Хонандаи азиз, тавваҷҷўҳ дошта бошем, ки Худованд дар Қуръон мефармояд:

 "...فبشر عباد الذين يستمعون القول فيتبعون أحسنه أولئك الذين هداهم الله وأولئك هم أولوا الالباب".

"Башорат бидеҳ он гурўҳ аз бандагонро, ки бо диққат ба суханон гўш медиҳанд ва баъд (аз баррасӣ) аз беҳтарини онҳо пайравӣ мекунанд. Онҳо касоне ҳастанд, ки Худо ҳидояташон карда ва ҳатман онҳо соҳибони хирад ҳастанд". Сураи Зумар-17-18.

Ин ояи шарифа чӣ гуна зиндагӣ кардан ва мўътақид шуданро ба мусулмонон ва ҳақҷўён омўзонида аст. Бинобар ин ояи шарифа инсон, бояд худ ҳамаи суханон дар як мавзўъро бишнавад ва бихонад ва худ байни онҳо бо ақлу таҳқиқоташ баррасӣ кунад ва баъд аз он, беҳтарини онҳоро ихтиёр кунаду ба он амал намояд.

Дар ҳадиси саҳеҳ ва мутавотир ворид шуда, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд:



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next