Дар талаби борон ба василаи гузаштагон



 

Ибни Саъд менависад:

"وقبره بأصل حصن القسطنطينية بأرض الروم فيما ذكر يتعاهدون قبره ويزورونه ويستسقون به إذا قحطوا".    

“Қабри ў (Абўайюби Ансорӣ) ба асли қалъаи Қистантиния дар сарзамини Рум аст ва мардум қабри ўро зиёрат мекунанд ва дар хушксолиҳо ба васила ў талаби борон мекунанд”. (1)

Таваҷҷўҳ дошта бошем, ки ин ҳама бузургони аҳли суннат мисли Ибни Саъд, Табарӣ, Ибни Абдулбар, Ибни Асир, Ҳоким, Заҳабӣ, Ибни Ҳаҷар ин матлабро нақл кардаанд, вале ҳеҷ кадом нагуфтаанд, ки ин кори баде аст ва ё ҳатто макрўҳ, низ надонистаанд. Дар ҳоле, ки талаби борон ба василаи мурда бузургтар аз тавассул аст, ки камтар нест.

فقبرها(أي أم حرام) هناك يستسقون به ويقولون قبر المرأة الصالحة.

“Қабри Умми Ҳаром он ҷост (дар Қибрис). (Мардум) Ба василаи ў талаби борон мекунанд ва мегўянд: Ин қабри зани солеҳае аст.” (2)

ودفن عبد الرحمن (سلمان) بن ربيعة في بلاد الترك فهم يستسقون به إلى الآن.

Абдураҳмон ибни Рабиа (саҳобаи Паёмбар) дар сарзамини туркҳо дафн шудааст ва мардуми он ҷо то ҳоли ҳозир ҳам ба василаи ў талаби борон мекунанд.” (3)

Ёдовар мешавем, ки Ҳамавӣ ба ҷои Абдураҳмон бародараш Салмонро ном бурдааст.

ذكر صفوان بن سليم عند أحمد فقال: هذا رجل يستسقى بحديثه وينزل المطر من السماء بذكره.

“Дар назди Аҳмад ибни Ҳанбал аз Сафвон ибни Салим ёд шуд, Аҳмад гуфт: Ин марде аст, ки ба василаи ҳадисаш талаби борон мешавад ва борон бо ёдкардани ў аз осмон нозил мешавад.» (4)



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 next