Фасли севвум Истиғоса ва ҳақиқати он



 

 

 

Далели ваҳҳобиҳо бар таҳрими истиғоса

"وفيما رواه الطبرانى عن النبى أن بعض الصحابة رضى الله عنهم قال: استغيثوا برسول الله من هذا المنافق فقال النبى أنه لا يستغاث بى وإنما يستغاث بالله أن النبى لو نفى عن نفسه أنه يستغاث به ونحو ذلك يشير به الى التوحيد وإفراد البارى بالقدرة".

Ибни Таймия мегўяд: "Табаронӣ ривоят карда, ки баъзе аз саҳоба гуфтанд: Ба Паёмбар аз ин мунофиқ (ишораест ба яке аз мунофиқони он замон) истиғоса кунед. Паёмбар фармуд: Ба ман истиғоса намешавад ва фақат ба Худо истиғоса мешавад. Баъд ибни Таймия мегўяд:

Агар Паёмбар истиғоса бар худашро манъ кард, ин гуна бо амал ишора мекунад ба тавҳид ва ягонагии Худованд ба доштани қудрат". (1)

Боз Ибни Таймия мегўяд:

"Касе аз уламо нагуфта, ки истиғоса ба махлуқ ҷоиз бошад. Махсусан вақте махлуқ мурда ва ё ғоиб бошад, ҷоиз нест истиғоса бар вай чӣ дар ин ки қодир ба анҷоми он бошад ва чӣ ин ки қодир ба анҷоми он набошад дар ҳар ду сурат ҳам истиғоса ҷоиз нест." (2)

Ибни Таймия ва Албонӣ дар ҳаром будани истиғоса ба ҳадиси боло истидлол карда ва истиғоса ба ғайри Худоро ширк донистаанд, ки дар оянда ба суханонашон ишора мешавад



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 next