Муноҷоте аз Имом Зайнулобидин (а)



Худовандо!
Кист, ки соғари муҳаббат аз дасти нӯш карду ҳалқаи бандагии дигарӣ дар гӯш кард?
Кадомин наргис пойи ниёз дар чашмаи ту шусту чашми шефтагӣ ба ту надӯхт?
Худоё!
Кадомин каҳкашон бар гирди ту гашту ҳайрони ту нагашт?
Азизо!
Кадомин нилуфари обӣ ба ишқи ту сар фаро оварду ҷозибаи меҳри ту диду ба бурка гурехт?
Маъшуқо!
Кадомин инсон пешонии ишқ бар хоки рубубияти ту сойиду ширинии ту чашиду дил ба дигарӣ супурд?
Дилбаро!
Кадомин парвона шӯълаҳои мултаҳиби ҷамоли ту диду ба зулмат паноҳ бурд?
Умедо!
Кадомин Юсуф ба ишқи руъёи ту овора нагашт?
Шоҳидо!
Кадомин Мӯсо дар кураи Тур гудохта шуду ҳузури рақиби туро давом овард?
Раббо!
Кадомин Марям каломе бо ту гуфту лаб аз сӯҳбати дигарон нануҳуфт?
Шӯрофарино!
Кадомин Муҳаммад дар Ҳиро садои ту шуниду наларзид?
Худовандо!
Гиёҳи ба хушкӣ гаройидаи моро дар ҷӯйбори ҷории худат қарор деҳ ва аз зулоли муҳаббати хеш серобамон кун!
Худоё!
Мо, ки дил аз дунёву мофиҳо кандаем ва дил ба ғайри ту наспурдаем, дарунамонро дар кӯраи вудду меҳри хеш холис гардон!
Худовандо!
Моро аз он даста аз бандагонат қарор деҳ, ки парандаи иштиёқашонро дар осмони обии лиқои худат рухсати парвоз додӣ ва моҳии ризоёташонро дар дарёи қазои худат парварондӣ...
Онон ки дар тоқчаи ризоёташон нишондӣ ва ашки ҳиҷрони худатро аз мижгонашон чидӣ ва ғубори дуриятро бо дастҳои меҳроғуштаат аз чеҳраашон пок кардӣ ва дар чаманҳои сабзи садоқат дар ҷивори дарахти хеш ҷояшон додӣ ва зарфияти нӯшидан аз чашмаи ибодататро эътояшон кардӣ.
Худоё!
Моро аз он бандагонат қарор деҳ, ки дар дуди оташи ишқе, ки ту дар хирманашон афгандӣ тасвири рӯшани туро диданд ва хонаи дил барои вуруди ту аз ағёр тиҳӣ карданд.
Онон ки дар фазои хулусашон ҷуз бӯйи гули марями ту напечад ва дар буркаи чашмашон ҷуз нилуфари обии ту нарӯяд...
Онон ки синаҳояшон мамлув аз ҳавои тоати туст; онон ки усваҳои халоиқанд ва авҷтарин парвозҳо дар осмони ту, хосси онон аст.
Онон ки ту толиби муноҷоташон ва харидори розу ниёзашон ҳастӣ.
Онон ки боғчаҳои дилашонро ту худ ваҷин мекунӣ ва шохаҳои нобаҷоро аз гулдонашон – ки рушд ба сӯйи туро хадшадор кунад – ту худ мебурӣ.
Худоё!
Моро аз онон қарор деҳ, ки дилҳои ҳазину ғамгинашон бо дидори ту шод мешавад ва ғунчаҳои дарҳаму дардолудаи зиндагияшон бо офтоби рӯйи ту гушода.
Онон ки пешонияшон саҷдагоҳи азамати туст ва чашмонашон бехоби хидмати ту ва ашкҳояшон равони хашйати ту ва қалбҳояшон мутааллиқи муҳаббати ту ва дилҳошон ларзони маҳобати ту.
Эй он ки моҳтоби рухсори ту рӯшнойии роҳу зебойии нигоҳи ошиқони туст.
Эй он ки таназзуҳи ҷамолат дилҳои орифонро ҷалои иштиёқ мебахшад.
Эй орзуи дилҳои орзумандон ва эй иштиёқи муштоқон ва эй умеди умедворон ва эй ишқи ошиқон ва эй ғояти шефтагон ва эй дарди дардмандон!
Оташи ишқатро дар хирмани вуҷудам бияфкан, тухми дӯст доштанатро дар гулдони дилам бикор, сабзинаи муҳаббататро дар баргҳои ба зардӣ гаройидаи вуҷудам бидавон.
Худоё!
Ман ишқи туро ҳам аз ту мехоҳам ва ишқ ба ошиқони туро ва ишқ ба ҳар коре, ки маро ба ту наздик кунад.
Худоё!
Ишқатро дар дилам андоз ва ишқ ба авлиёятро ва ишқ ба ҷодаи мунтаҳӣ ба сӯйи туро ва ишқ ба аломоти роҳнамойӣ ба сӯйи ту ва ишқ ба зоирони туро ва ишқ ба роидони роҳи туро.
Худоё!
Ҳамзамон бо рушди гиёҳи муҳаббат дар боғчаи дилам, ҳар чи ҳарзаи гиёҳи муҳаббати дигаронро бисӯзон.
Худоё!
Маро пойе деҳ, ки фақат ба дари хонаи ту тавонам омад ва дасте, ки фақат дари хонаи ту тавонам кӯфт.
Худоё!
Маро чашме деҳ, ки фақат гирёни ту бошад ва синае, ки фақат сӯзони ту.
Ба ман нигоҳе деҳ, ки ҷуз рӯйи ту натавонад дид ва гӯше, ки ҷуз садои ту натавонад шунид.
Худоё!
Худатро маъшуқтарини ман қарор бидеҳ ва маро ошиқтарини хеш.
Худоё!
Мабод, ки чашмаи муҳаббати ман ба буркаҳои гилолуди дигарон бирезад.
Худоё!
Мабод, ки дили ман асири ҷуз ту ва пешонии қалбам бар хоки муҳаббати дигарӣ бисойад.
Мабод, ки андалеби дилам ғазалхони бӯстони дигар гардад.
Худоё!
Мурғи дилам, ки дар доми туст, мабод, ки ёди ошён кунад.
Худоё!
Накунад, ки рӯй аз ман битобӣ ва нашавад, ки нигоҳи ҳайронамро мунтазир бигузорӣ.
Маро шоистагии баҳрамандӣ аз канорат бахш.