Тавассул дар суннат ва аҳодиси исломӣ



 

 

 

Ҳадиси машҳуре, ки сиҳҳати он мавриди иттифоқи ҳамагон аст, беҳтарин шоҳид бар машрўъ будани тавассул мебошад, ки баҳсро бо ишора ба он сар мекунем:

عن عثمان بن حنيف قال: ان رجلا ضريرا أتى النبي صلى الله عليه (وآله) وسلم  فقال: ادع الله تعالى أن يعافيني. قال: إن شئت أخرت ذلك وإن شئت دعوت قال فادعه قال فانطلق فتوضأ ثم صل ركعتين ثم ادعو بهذا الدعاء: اللهم أسألك وأتوجه إليك بنبيك محمد صلى الله عليه (وآله) وسلم نبي الرحمة يا محمد إني أتوجه بك إلى ربي في حاجتي هذه فتقضيها لي اللهم شفعه في. قال ابن حنيف: فواللّه ما تفرقنا وطال بنا الحديث حتّى دخل علينا كأن لم يكن به ضرّ.

«Усмон ибни Ҳунайф мегўяд: Марди нобиное ба маҳзари Паёмбар «саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ» омад ва ба он ҳазрат гуфт, ки аз Худо бихоҳ то барои ман офият бахшад, Паёмбар «саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ» фармуданд: Агар мехоҳӣ сабр бикун (барои охиратат беҳтар аст) ва агар мехоҳӣ дуо мекунам. Ў гуфт: Дуо бикун. Пас Паёмбар «саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ» ба ў фармуданд: "Бирав вузў бигир ва дар вузўи худ диққат бикун сипас ду ракъат намоз бихон ва баъд ингуна дуо бикун: "Худоё ман аз ту мехоҳам ва ба ту рўй меоварам ба василаи паёмбарат Муҳаммад «саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ», ки паёмбари раҳмат аст, эй Муҳаммад «саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ» ман дар бораи ҳоҷатам ба василаи ту ба сўи Парвардигорам рўй овардам, то ҳоҷати маро бароварда бифармоӣ. Худоё шафоати ўро дар бораи ман бипазир. Усмон ибни Ҳунайф мегўяд: Ба Худо қасам мо аз ҳам ҷудо нашуда будем ва сўҳбати мо тўл кашид, то ин ки он мард баргашт ва ба ҳузури мо дохил шуд дар ҳоле, ки гўё ҳеҷ маризие дар гузашта дар ў вуҷуд надошта бошад". (1)

Дар ҳадиси дигар чунин ворид шуда:

"عن عثمان بن حنيف قال: ان رجلا أعمى أتى النبي صلى الله عليه (وآله) وسلم فقال: إني أصبت في بصري فادع الله لي، قال: لا اذهب فتوضأ وصل ركعتين، ثم قل: اللهم إني أسألك وأتوجه إليك بنبيي محمد نبي الرحمة يا محمد إني أستشفع بك على ربي في رد بصري، اللهم شفع نبيي في رد بصري، وإن كانت حاجة فافعل مثل ذلك".

Усмон ибни Ҳунайф мегўяд: "Марди нобиное ба маҳзари Паёмбар «саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ» омад ва гуфт: "Ин бало ба чашми ман омада, пас барои ман дуо бикун, Паёмбар «саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ» фармуданд: "Не, бирав вузў бигир ва ду ракъат намоз бихон сипас бигў: "Худоё ман аз ту мехоҳам ва ба сўи ту рўй меоварам ба василаи паёмбарам Муҳаммад «саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ» паёмбари раҳмат эй Муҳаммад «саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ» ман туро дар пешгоҳи Парвардигорам барои баргаштани чашмам шафеъ қарор медиҳам, Худоё паёмбарамро дар баргаштани чашмам шафеи ман қарор деҳ. Сипас Паёмбари гиромӣ «саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ» ба ў фармуданд: Ҳар вақт ҳоҷате доштӣ ин гуна амал бикун". (2)

Шавконӣ мегўяд: “Ин ҳадис далел аст бар ҷоиз будани тавассул ба Паёмбар «саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам» бо ин эътиқод, ки анҷомдиҳандаи корҳо Худост. Ҳар чиро хост мешавад ва ҳар чиро ҳам нахост намешавад.” (3)



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 next