Зиндагонии Фотимаи Заҳро



Аз вилодат то издивоҷ

Шахсияти ҳар кас то ҳудуди зиёде ба вазъияти хонаводагӣ ва шахсияту ахлоқи падару модар ва муҳити рушди ў бастагӣ дорад. Падару модар ҳастанд, ки шолуда ва асоси шахсияти фарзандро мерезанд ва ўро дар қолиби рўҳиёт ва ахлоқи худашон рехта, таҳвили ҷомеа медиҳанд ба гунае ки метавон гуфт: Ҳар фарзанде  намуна ва оинаи тамомнамои шахсияти падару модар ва тарзи тарбияти онҳост.

Дар таърифу тавсифи падари Фотима (салавотуллоҳи алайҳимо ва олиҳимо), эҳтиёҷе ба тавзеҳ ва шарҳ нест, чун шахсияти фавқулодда ва азамати рўҳӣ ва ахлоқи писандида ва ҳиммати олӣ ва фидокорӣ ва шуҷоати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  бар ҳеҷ мусалмоне пўшида нест. Дар азамати он ҳазрат ҳамин бас, ки Худованд дар бораи он ҳазрат мефармояд: «Эй Муҳаммад ахлоқи ту бузург ва шигифтовар аст.”[1] Мо агар бихоҳем вориди тавсифу таърифи ахлоқи падари Фотима шавем сухан тўлонӣ мешавад ва аз мақсад бозмемонем.

Модари Фотима (алайҳо салом):

Модари Фотима зане буд ба номи Хадиҷа духтари Хувайлид. Хадиҷа (алайҳо салом) дар яке аз хонаводаҳои асил ва шарифи Қурайш ба дунё омад ва тарбият шуд. Афроди хонаводааш ҳама донишманд ва фидокор ва рўҳонӣ ва ҳимояткунанда аз хонаи Каъба буданд. Ҳангоме ки “Таббаъ” подшоҳи Яман хост Ҳаҷарул-асвадро аз Масҷидулҳаром ба Яман барад, Хувайлид падари Хадиҷа аз он монеъ шуд. Ба воситаи муборизаҳову фидокориҳои вай буд, ки Таббаъ аз хости худ баргашт ва он санги муқаддасро аз ҷояш наҷунбонд.[2]

Асад ибни Абдулъуззо бобои Хадиҷа яке аз аъзои барҷастаи паймони “Ҳалфул-фузул” аст. Ин паймонро гурўҳе аз мардони адолатхоҳи араб бастанд ва қарор гузоштанд, ки аз мазлумон ҳимоят кунанд ва дар ёрӣ кадани дармондагон кўшиш  намоянд. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) , низ дар он анҷуман узвият доштанд ва мефармуданд: Ман дар хонаи Абдуллоҳ ибни Ҷудъон ҳозир будам, ки паймон баста шуд ва агар имрўз ҳам аз ман даъват кунанд бо камоли майл ширкат мекунам.[3]

Асад ибни абдулъуззо ҷадди Хадиҷа яке аз аъзои барҷастаи паймон "Ҳалфул-фузул" аст. Паймони мазкурро гурўҳе аз риҷоли бо шахсият ва адолатхоҳи араб бастанд ва қарор гузоштанд, ки аз мазлумин дифоъ кунанд ва дар ёрӣ кардани дармондагон кўшиш  намоянд. Расули Худо низ дар он анҷумани узвият дошт  ва мефармуд: ман дар хонаи Абдуллоҳ ибни Ҷадъон ҳозир будам, ки паймон баста шуд ва агар маро даъват намоянд бо камоли майл ширкат мекунам.[4]

Варақа ибни Навфал писари амўи Хадиҷа яке аз афроде буд, ки парастиши бутҳоро намеписандиданд ва аз муддатҳо қабл дар садади таҳқиқ ва кунҷковӣ буданд то дини ҳақро биёбанд.

“Дар яке аз идҳое, ки қурайш машғули ибодати яке аз бутҳо буданд, чаҳор нафар, ки яке аз онон Варақа ибни Навфал будҷаласаи сиррӣ ташкил доданд ва дар бораи аъмоли мардум ба баҳс ва кунҷковӣ пардохтанд ва назарашон ба инҷо мунтаҳӣ шуд, ки мардум дар ибодати бутҳо сахт дар иштибоҳанд ва дини ҳазрати Иброҳимро аз даст додаанд. Бутҳоеро парастиш мекунанд, ки на мешунаванд на мебинанд ва ҳеҷ нафъе ва зараре надоранд. Сипас тасмими гирифтанд дар шаҳрҳои пароканда шаванд то дини воқеии ҳазрати Иброҳимро биёбанд.[5]

Варақа ибни Навфал писар амаки Хадиҷа ҳамон марди донишманд  аст, ки вақте аз ҷониби Худо ба Паёмбар ваҳй шуд ва достони нозил шудани Ҷабраилро барои Хадиҷа шарҳ дод, Хадиҷа барои таҳқиқи қазия назди ў рафт ва ҷараёнро барояш шарҳ дод ва аз рамзи он ҳодисаи тоза ҷўё шуд.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 next