Ғасби ноҷавонмардонаи Фадак



Дар сураи муборакаи Ҳашр ояи шашум ва ҳафтум Худованди Субҳон мефармояд:

 

وَمَا أَفَاء اللَّهُ عَلَى رَسُولِهِ مِنْهُمْ فَمَا أَوْجَفْتُمْ عَلَيْهِ مِنْ خَيْلٍ وَلَا رِكَابٍ وَلَكِنَّ اللَّهَ يُسَلِّطُ رُسُلَهُ عَلَى مَن يَشَاء وَاللَّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

 

مَّا أَفَاء اللَّهُ عَلَى رَسُولِهِ مِنْ أَهْلِ الْقُرَى فَلِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ وَلِذِي الْقُرْبَى وَالْيَتَامَى وَالْمَسَاكِينِ وَابْنِ السَّبِيلِ كَيْ لَا يَكُونَ دُولَةً بَيْنَ الْأَغْنِيَاء مِنكُمْ وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانتَهُوا وَاتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ

 

Ин ду ояи карима пиромуни иодаи амволи аҳолӣ ва деҳкадаҳое ки бидуни ҷанг дар тасарруфи Ислом омадааст, ки ба Худованд ва Пайғамбар ва хешовандон ва ятимон ва дармондагон ва... далолат дорад, сароҳат бар он дорад, ки сарзамини Фадак ки ба тасарруфи Ислом омада ва бидуни ҳеҷ ихтилофе дар байни аҳли суннат ва ҳатто фирқаҳои ифротӣ дар душманӣ бо АҲЛИ БАЙТ (алайҳим салом) ва салафиҳо,  ба ҳазрати Заҳрои Атҳар (саломуллоҳи алайҳо) тааллуқ гирифт ва тибқи ин ояи карима: “Ва оти зал қурба ҳаққаҳ” (Исро, ояти 26 ва ояи 38 сураи Рум Пайғамбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳаққи мусалмонон ва завил қурборо дорад ва сарзаминини пурхайру баракат ва истиротежики Фадак ба ёдгори ягонаи ва вориси хеш эъто намуд, вале дареғо ки бо реҳлати падари бузурговарашон гурӯҳе ки баъдҳо изҳори надомату пушаймонӣ карда буданд, ин ҳаққи мусалламро ноҷавонмардона ғасб карданд ва мавриди ғазаби ҳазрати Заҳро (саломуллоҳи алайҳо) қарор гирифтанд, ки мутолиаи дақиқи хутбаи Фадак мавзӯъро беш аз ин мақол тафҳим менамояд.

Фадак ва мавзӯъи ғасби он дар китобҳои тафсирӣ, ривоӣ, риҷолӣ ва фиқҳии аҳли суннат ва гурӯҳҳои ифротӣ ва золлаи салафӣ мавҷуд аст, ки аз боби ихтисор танҳо ба зикри чанд китоб басанда мегардад:

Саҳеҳ Муслим, ҷ.3, саҳ.13380;. Саҳеҳ Бухроӣ, ҷ.3, саҳ.1126 ва 1124 ва 1360 ва ҷилди 4 саҳифаи 1418 ва ё1549 ва 1663;. Муснади Аҳмади Ҳанбал ҷилди 1 ҳадиси 25, 1087, 1076 ва 9006;. Сунани Абидовуд, ҳадиси 2610, 2580 ва 2587;. Муснади Абӯяълӣ ҷилди 2 саҳифаи 334 ва 534;. Минҳоҷул суннаи Ибни Таймия (шахсияти ифротӣ дар душманӣ бо аҳли байти пайғамбар салавотуллоҳи алайҳим), ҷ.4, саҳ.228 то 230 ва ҷ.3, саҳ.30, 33, 346 ва 347;. Тафсири Ибни Касир, ҷ.3, саҳ.52 ва ҷ.4, саҳ.432;. Фатҳул қадир, ҷ.3, саҳ.319;. Алдуррул мансури Суютӣ, ҷ.5, саҳ.273;. Рӯҳул маонии Олусӣ, ҷ.21, саҳ.45 ва ҷ.25, саҳ.33;. Алсавоиқул муҳриқаи Ибни Ҳаҷар, ҷ.1, саҳ.42, 93, 94, 97 ва 99;. Талбиси иблис, ҷ.1, саҳ.119;. Меъроҷул қабул, ҷ.3, саҳ.1178;. Канзул уммол, ҷ.3, саҳ.1310;, Таъвилу мухталафил ҳадис, ҷ.1, саҳ.48;. Умдатул қорӣ, ҷ.15, саҳ.19, 20 ва 34;. Алмунтазам ҷ.7, саҳ.7;. Торихул хулафои Суютӣ, ҷ.4, саҳ.345;. Ториху Ибни Халдун, ҷ.3, саҳ.527 ва ҷ.4, саҳ.585.

Оёти Қуръони маҷид ва ҳазрати Сиддиқаи Шаҳида
(саломуллоҳи алайҳо)

Пиромуни оёте ки дар мавриди ҳазрати Батул, Саййидату нисоил оламин (саломуллоҳи алайҳо) ворид шудааст қариб яксаду сиву панҷ оят аст, ки мавриди ихтилофи омма ва хоссаи Ислом намебошад.

1.    Сураи муборакаи Кавсар


Дар ин сураи муборака ки бо иҳонат ба Паёмбари аъзам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба унвони абтар будан аст Худованд вуҷуди пурхайру баракати ҳазрати Заҳрои Марзия (саломуллоҳи алайҳо)-ро ба унвони посух ба иҳонатҳо қарор дод.

Қозӣ Байзовӣ аз уламои аҳли суннат дар тафсири Байзовӣ ҷилди 1 саҳифаи 536 ба он сароҳат дорад. Вожаи кавсар бар вазни  фавъал аст ва далолат бар касрату муболиға дорад монанди ҷавҳар, ҳавқал.

Баъзе сатҳинигарон бар онанд ки чаро номи ҳазрати “Фотима” ё “Заҳро” дар Қуръон наёмад? Ки албатта аз муаййядоти он ҳазрат ва фарзандони поки Ӯ ҳамин калимаи “КАВСАР” аст; чун бар насли зиёд ва баракати вофир ва хайри касир далолат дорад.

Агар “Фотима” ё “Заҳро” меомад мумкин буд дар торих таҳриф сурат диҳанду гӯянд: Фотима дуруст аст, вале соҳиби фарзанду насл набуд.
Албатта интизори таҳриф тавассути бархе муонидон барои мо табиъӣ аст. Магар Ғадирро касоне чун Ҳасконӣ мавриди тардид қарор надоданд?

2.
    Ояи Итъом (сураи муборакаи иснон ояи 9):

 

إِنَّمَا نُطْعِمُكُمْ لِوَجْهِ اللَّهِ لَا نُرِيدُ مِنكُمْ جَزَاء وَلَا شُكُورًا



1 2 3 4 next