Шарти сираи хулафо ва сулҳи Имом Ҳасан(а) – ё таҳрифи сулҳнома



Оё зикри шарти амал ба сираи хулафо дар сулҳномаи Имом Ҳасан (алайҳи салом) сиҳҳат дорад?

Ривоят:

و كان الحسن يُجل أبابكر وعمر رضي الله عنهما حتى أنه أشترط على معاوية فى صلحه معه أن يسير بسيرتهما فمن ضمن شروط معاهدة الصلح " إنه يعمل و يحكم فى الناس بكتاب و سنة رسول الله و سيرة الخلفاء الراشدين "

منتهى الآمال للعباس القمى ج2/212 ط إيران .

Аввалан: ин ривоят ки дар баъзе аз китобҳои шиа нақл шудааст, манбаи ҳамагии онҳо китоби Алсавоиқул муҳриқаи Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ ва Шарҳи Наҳҷулбалоғаи Ибни Абилҳадид ва... аз китобҳои аҳли суннат аст ва ҳатто дар худи Савоиқул муҳриқа ва шарҳи Ибни Абилҳадид барои ин ривоят санаде зикр нашудааст.

Дуввуман: бидуни шак ҷумлаи “ва сиратул хулафоир рошидин” аз таҳрифоте аст, ки таърихнависони аҳли суннат вориди ин сулҳнома кардаанд; зеро ин сулҳнома дар бисёре аз китобҳои дигар нақл шудааст, аммо ин гузина дар он дида намешавад; аз ҷумла Ибни Шаҳрошӯб дар китоби Маноқиб Оли Абитолиб, ҷ.3, саҳ.195 маводи сулҳномаро ин гуна менависад:

 

أن يعمل فيهم بكتاب الله وسنة نبيه والأمر من بعده شورى ، وأن يترك سب علي ، وأن يؤمن شيعته ولا يتعرض لأحد منهم ، ويوصل إلى كل ذي حق حقه ، ويوفر عليه حقه كل سنة خمسون ألف درهم

 

Албатта ворид кардани ҷумлаи “ва сиратул хулафоир рошидинал маҳдийин разияллоҳу анҳум” аз таҳрифоте аст, ки дар ҷоҳои дигар низ собиқа дорад; аз ҷумла Ибни Аъсам дар Алфутуҳ, ҷ.5, саҳ.34 ва Хоразмӣ, ҷ.1, саҳ.188 дар васиятномаи Имом Ҳасан (алайҳи салом) ба бародараш Муҳаммади Ҳанафия ҷумлаи “ва сиратул хулафоир рошидинал маҳдийин разияллоҳу анҳум” изофа кардаанд, дар ҳоле ки дар ҳеҷ як аз китобҳои дигар ин ҷумла дида намешавад.



1 2 next