Ҳадафи дастгоҳи хилофат аз ғасби Фадак



Фадак деҳкадае буд, ки дар чанд фарсахии Мадина қарор дошт ва дорои чандин боғу бустон буд. Ин деҳкада дар рӯзгори қадим бисёр обод буд ва дар ихтиёри Яҳуд қарор дошт. Моликони он вақте қудрати пешрафти Исломро дар ҷанги Хайбар мушоҳида карданд, шахсеро ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фиристоданд ва пешниҳоди сулҳ карданд. Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) сулҳро пазируфт ва бидуни ҷанг қарордоди сулҳ ба имзо расид. Ба ин васила нисфи заминҳои Фадак дар ихтиёри Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) қарор гирифт ва моли холисаи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) шуд.

Бинобар қавонини Ислом ҳар замине, ки бидуни ҷанг фатҳ шавад холисаи Расули Худост ва дигар мусалмонон дар он ҳаққе надоранд.

Заминҳои Фадак дар ихтиёри Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) қарор гирифт ва даромадҳои онро дар байни Бани Ҳошим ва фақирону бечорагон тақсим мекард. Баъд ин оят нозил шуд:

وآت ذالقربى حقه”.

“Ба наздиконат ҳаққашро бидеҳ.”

Баъд аз нозил шудани ин оят, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Фадакро ба Фотима (алайҳо салом) бахшид ва дар ин бора ривоёти зиёде аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) расидааст. Аз боби намуна:

Абусаиди Худрӣ мегӯяд: “Вақте ояти

وآت ذالقربى حقه”.

“Ба наздиконат ҳаққашонро бидеҳ” нозил шуд Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Фотимаро хост ва Фадакро дар ихтиёри ӯ қарор дод”.

Имом Алӣ (алайҳис-салом) мефармояд: “Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар замони ҳаёташ Фадакро ба ҳазрати Фотима алайҳо-салом бахшид.”



1 2 next