Мероси Расули Худо



Яке аз мавориди низои ҳазрати Фотима бо халифа мироси Расули Худо буд. Дар китобҳои таърих ва ҳадис навиштаанд, ки баъд аз вафоти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ), Фотима (алайҳо салом) назди Абӯбакр рафт ва мероси падарашро талаб намуд. Абӯбакр ҳозир нашуд чизе ба унвони ирс ба он ҳазрат бидиҳад. Узр овард, ки Паёмбарон ирс намегузоранд ва амволе, ки аз онон боқӣ бимонад садақаи умумӣ аст. Ва дар ин бора ба ҳадисе истишҳод кард, ки нақлкунандаи он худаш буд. Гуфт: Аз падарат шунидам, ки фармуд: Мо паёмбарон тилло ва нуқра ва замин ва мулк ва хона ба ирс намегузорем, балки ирси мо, имон ва ҳикмат ва дониш ва шариат мебошад

Ман дар ин кор бо дастури Паёмбар ва ба салоҳи ӯ кор мекунам.[1]

Фотимаи Заҳро сухани халифаро қабул накард ва дар радди ӯ ба оёте аз Қуръони Маҷид тамассук фармуд, ки бояд дар ин қисмат, баҳси бештаре анҷом диҳем, то ҳақ равшан шавад.

 

Ирс дар Қуръон

 

Қонуни куллии ирс дар Қуръони Карим омадааст. Худованд дар Қуръон мефармояд: "Худо шуморо дар бораи фарзандонатон суфориш мекунад, писар ду баробари саҳми духтар ирс мебарад.[2]

Ояти ёдшуда ва оятҳои дигар, ки дар бораи ирс ва таъйини саҳми ворисон нозил шуда куллият доранд ва шомили ҳамаи мардум мебошад. Паёмбарон низ шомили ҳамин оятҳо мешаванд. Онон низ бар тибқи ин нусуси куллӣ, ҳам бояд аз ирсгузорон ирс бубаранд ва ҳам амволашон ба ворисон бирасад. Ба муқтазои ҳамин нусус бояд ҳамаи амволи  Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба ворисонаш мунтақил шавад. Албатта дар куллӣ будани қонуни ирс набояд шак кард, вале бояд дид оё далели қотеъ бар ин ки паёмбарон аз ин қонуни куллӣ берун шудаанд, дорем ё на?

 

Ҳадиси Абӯбакр



1 2 3 4 5 6 7 8 next