Муовия ва бетаваҷҷуҳӣ ба паймон



1.     Ҳануз ҷавҳари ранги сулҳнома, ки амал ба китоби Худо ва суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) буд хушк нашуда буд, ки бо бемеҳрии Муовия рӯбарӯ мешавад. [1]

Тамоми шартҳое, ки бо Имом Ҳасан (алайҳи салом) гузоштам акнун зери пои ман аст ва ҳеҷ арзише надорад. Ин ҳаракат барои мардум кофӣ буд, то чеҳраи муқаддасмаобонаи Муовияро хуб бишносанд, ӯ, ки калимаи саҳобаи Пайғамбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва котиби ваҳйро ҳамчун василае барои нобудии Ислом истифода мекард.

2.     Аз мавориди аҳдномаи Имом Ҳасан бо Муовия ин буд, ки Муовия ҳаққи муайян кардани халифаи баъд аз худашро надорад ва хилофат аз они Ҳасан ибни Алӣ (алайҳима салом) аст. Вале замоне нагузашт, ки бо тамаъ ва таҳдиду куштани гурӯҳе, Язидро бар гардани мардум савор кард. Амалан яке дигар аз маводи сулҳномаро зери по гузошт.

3.     Муовия ҳақ надорад ба Алӣ ибни Абӯтолиб Амирулмӯъминин (алайҳи салом) камтарин беиҳтиромӣ ва иҳонте кунад.[2]

Вале фармони саб ва дашноми Алӣ (алайҳи салом) –ро Муовия дар аввалин сафараш ба Мадина содир кард. Ин ривоят дар Саҳеҳи Муслим аст, ки аҳли суннат онро саҳеҳтарин китоб баъди Қуръон медонанд.[3]

Муслим дар китоби фазоил боби фазоили Алӣ ибни Абӯтолиб (алайҳи салом) нақл мекунад, Муовия ба Саъд ибни Абивақос гуфт : Мо лака ло тасуббу Аботурб. Ту чаро ба Абутуроб (Алӣ (алайҳи салом)) фуҳшу носазо намегӯӣ ? Саъд ибни Абивақос мегӯяд: Ман вақте ёдам меояд, ки Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба Алӣ (алайҳи салом) гуфт : “Анта минни биманзалати Ҳоруна мин Мусо – ту бо ман монанди Ҳорун ва Мусо ҳастӣ” . Ё баъд аз онки шунидам ояти Татҳир дар ҳаққи Алӣ (алайҳи салом) нозил шуд, ва Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) Алӣ, Заҳро, Ҳасан, Ҳусайн (алайҳим салом) – ро зери ҷелаки ямонӣ ҷамъ кард, ва гуфт : “Ҳоулои аҳлу байтӣ – инҳо аҳли байт (хонавода) – и ман ҳастанд”, ҷуръат намекунам ба Алӣ носазо ва дашном диҳам.[4]

Замахшарӣ дар Рабиул аброр менависад : Дар даврони Муовия бар болои 80 ҳазор минбар ба Алӣ (алайҳи салом) дашному носазо мегуфтанд.[5]

Ва дар намозҳои ҷумъа яке аз фарзҳо гуфтани носазо ва ҳақорат ба ҳазрати Алӣ буд ва ҳатто ба унвони як суннат дар миёни уммати исломӣ ҷойгир шуда буд.[6]

Ибни Ақил дар Насоиҳул кофияти вал атфил ҷамил ва Ибни Абилҳадид дар шарҳи Наҳҷулбалоға мегӯянд : Вақте Умар ибни Абдулазиз хост ҳақорат ва дашноми Алӣ (алайҳи салом) – ро бардорад, аз гӯша ва канори масҷид доду фарёд баланд шуд, ки ту суннати Пайғамбарро маҳву нобуд мекунӣ.[7]

Бинобар ин моддаи сеюми сулҳнома яъне : носазо ва дашном накардан ба Алӣ (алайҳи салом) ҳам фаромӯш шуд.



1 2 next