Фотима баъд аз падар – 2



Бахши дуюм

 Пуштибонии Умми Салама

Умми Салама сарашро аз хона берун карду гуфт: Эй Абӯбакр оё ин суханҳоро дар бораи зане монанди Фотима мегӯӣ? Бо ин ки ҳуррияе аст дар миёни инсонҳо. Дар домани Паёмбар парвариш ёфта ва дар байни фариштагон даст ба даст мешуд ва дар парваришгоҳи покизагон парвариш ёфт ва дар беҳтарин ҷойҳо рушд намуд. Оё чунин мепиндорӣ, ки Расули Худо Фотимаро аз ирс маҳрум карда, вале ба худи Фотима нагуфтааст? Бо ин ки Худованд ба Паёмбараш фармуд: "Хешону  наздиконатро инзор кун", ё эҳтимол медиҳед Расули Худо ба ӯ гуфта бошад, вале ӯ боз ҳам ирс талаб мекунад? Бо ин ки беҳтарини занони олам ва модари беҳтарини ҷавонон ва падараш хотами паёмбарон аст. Ба Худо савганд Расули Худо Фотимаро аз хунукӣ ва гармӣ нигаҳдорӣ мекард. Ҳангоми хоб дасти росташро зери сараш ва дасти чапашро рӯи баданаш мегузошт. Оҳистатар бошед, ки ҳануз ҳам Расули Худо пеши чашми шумост. Ба зудӣ ба Худо ворид мешавед ва натиҷаи корҳои худатонро мушоҳида мекунед. Умми Салама аз Фотима (алайҳо салом) дифоъ кард ва ба ин хотир, то як сол аз ҳуқуқаш (аз пули байтулмол) маҳрум шуд.[1]

Эътисоби сухан

Ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) тасмим гирифт боз ҳам ба муборизаи худ идома диҳад. Барои идомаи мубориза сухан нагуфтанро ихтиёр кард. Расман ба халифа эълон кард, ки: Агар Фадакамро пас надиҳӣ, то зинда ҳастам бо ту сухан намегӯям ва ҳар ҷо бо халифа бархӯрд мекард сураташро аз ӯ мегардонд ва бо ӯ гап намезад.[2]

Магар Фотима як шахси оддӣ аст, ки агар бо халифа гап назанад чандон аҳамияте надошта бошад? Духтари азизи Расули Худост. Муҳаббатҳои фавқулоддаи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  нисбат ба ӯ бар касе пӯшида нест. Касе аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  дар бораи ӯ фармуд: Фотима пораи тани ман аст, ҳар кас ӯро азият кунад маро азият кардааст.[3] Ва мефармуд: Фотима яке аз занҳоест, ки биҳишт муштоқи онҳост[4] ва мефармуд: Ба ғазаби Фотима Худо ғазаб мекунад.[5]

Оре, зани маҳбуби Худо ва Расул, бо халифа сухан намегӯяд, кам-кам дар байни мардум шойеъ шуд, ки духтари Паёмбар бо халифа қаҳр карда ва бар ӯ ғазаб карда. Кам-кам мадуми хориҷи Мадина низ аз ин мавзӯъ бохабар шуданд. Ҳама аз ҳам мепурсиданд, ки чаро Фотима (алайҳо салом) бо халифа қаҳр кардааст?! Ҳатман бояд сабабаш ҳамон Фадак бошад. Фотима, ки дурӯғ намегӯяд ва бар хилофи ризояти Худованд ғазабнок намешавад. Чун худи Паёмбар дар борааш фармуд: Агар Фотима ғазаб кунад Худованд ғазабнок мешавад. Ба ин тартиб мавҷи эҳсосоти миллат рӯз ба рӯз зиёд мешуд. Коркунони дастгоҳи хилофат, ки наметавонистанд мавзӯи қатъи робитаи ҳазрати Заҳроро нодида бигиранд, ҳар чӣ кӯшиш карданд шояд василаи оштӣ карданро фароҳам кунанд, вале мумкин нашуд. Фотима (алайҳо салом) ҳамчунон дар тасмими худаш пофишорӣ мекард ва ҳозир набуд ин муборизаро тарк кунад.

Вақте Фотима мариз ва дар остонаи марг қарор гирифт, халифа чандин маротиба хостори мулоқот бо он ҳазрат шуд, вале қабул нашуд. Як рӯз халифа мавзӯъро бо Имом Алӣ (алайҳис-салом) дар миён гузошт ва аз ӯ хост, ки василаи аёдатро фароҳам кунад ва иҷозатти мулоқот бигирад.

Алӣ (алайҳис-салом) ба назди Фотима омада фармуд: Эй озод зан! Умар ва Абӯбакр иҷозати мулоқот мехоҳанд. Иҷозат медиҳӣ ба наздат биёянд?

Заҳро фармуд: Хона хонаи шумост ва ман дар ихтиёри шумо ҳастам, ҳар гуна салоҳ медонед амал кунед. Ин суханро гуфту чодар бар сар кашид ва рўяшро ба тарафи дивор гардонид.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 next