Ҳазрати Фотима (алайҳо салом) баъд аз падар



Паёмбари гиромӣ дар соли даҳуми ҳиҷрӣ тамоми мусалмононро ба ҳаҷ даъват намуд ва барои охирин бор ба Макка мушарраф шуд. Аъмолу маросими ҳаҷро ба мусалмонон ёд дод. Ҳангоми баргашт вақте ба мантақае ба номи Ғадири Хум расид истод ва мусалмононро ҷамъ намуд. Онгоҳ ба болои минбар рафт ва Алӣ (алайҳис-салом)-ро ба ҷонишинӣ ва хилофат таъйин кард. Сипас мусалмонон бо ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом) байъат карданд ва ба шаҳрҳояшон баргаштанд. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  низ ба Мадина баргашт. Баъд аз баргашт аз сафар ҳоли он ҳазрат дигаргун буд ва аз аҳволу ҳаракатҳояш маълум мешуд, ки омодаи марг аст. Гоҳу бегоҳ ва ба ҳар муносибат дар бораи Аҳли Байташ суфориш мекард. Гоҳе ба қабристони Бақиъ мерафт ва барои мурдагон талаби бахшиш мекард.

Фотима (алайҳо салом) баъд аз охирин ҳаҷҷи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  дар хоб дид: Қуръон дар дасташ ҳаст ва онро мехонад. Ногоҳ Қуръон аз дасташ афтоду гум шуд. Ваҳшатзада бедор шуд ва хобашро барои падар нақл кард. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  фармуд: Нури чашмонам! Ман он Қуръон ҳастам, ки дар хоб дидӣ. Ба ҳамин зудӣ аз назарҳо нопадид мешавам.[2]

Кам-кам осори маризӣ дар бадани Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  зоҳир шуд. Лашкареро бо фармондеҳии Усома ташкил дод ва фармуд: Бояд ба тарафи кишвари Рум ҳаракат кунед. Афроди муайянеро ба хусус ном бурд ва фармуд: Бояд дар ин ҷанг ширкат бикунед. Мақсадаш ин буд, ки баъзеҳо аз Мадина берун раванд ва мавзўи хилофати Алӣ (алайҳис-салом) аз коршиканӣ ва мухолифати онҳо дар амон бошад.

Бемории Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  шиддат гирифт ва дар хона бистарӣ шуд. Бемории он ҳазрат Фотима (алайҳо салом)-ро ба ваҳшат андохт. Гоҳе ба сурати зард ва ранги парида падар нигоҳ мекард ва ашк мерехт ва гоҳе барои саломатии падар дуо мекард: Худоё падарам бо ҳазорон ранҷу машаққат ниҳоли Исломро дар замин нишонд, тоза борвар шуда ва нишонаи фатҳу пирўзӣ намоён мешавад. Умедвор будам ба василаи падарам дини Ислом ғолиб гардад, куфру бутпарастӣ ва ситам аз байн биравад. Аммо афсус, ки ҳоли падарам хуб нест. Худоё шифои он ҳазратро аз ту мехоҳам.

Ҳоли Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  бадтар шуд ва аз шиддати беморӣ беҳуш шуд. Ҳангоме ки ба ҳуш омад дид Абўбакру Умар ва гурўҳе аз саҳоба, ки бояд дар лашкари Усома мебуданд тахаллуф кардаанд. Фармуд: Магар ба шумо нагуфтам, ки дар лашкари Усома ширкат кунед?

Ҳар як аз онҳо дар ҷавоби он ҳазрат узру баҳонае овард. Вале Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  аз тасмиму ҳадафи онҳо хабар дошт ва медонист, ки барои гирифтани хилофат дар Мадина мондаанд.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  фармуд: Коғазу давоте биёваред, то чизе бинвисам, ки баъд аз ман ҳаргиз гумроҳ нашавед. Баъзе аз ҳозирон хостанд ба дастури он ҳазрат амал кунанд, вале халифа дуввум Умар ибни Хаттоб монеъ шуду гуфт: Ин мард ҳазён (сафсата) мегўяд ва беморӣ бар ў ғалаба кардааст.[3]

Ҳазрати Заҳро (алайҳо салом) ин ҳодисаҳоро медид ва ғаму андўҳаш бештар мешуд. Пеши худ мегуфт: Аз ҳамин вақт осори дурўӣ ва нифоқи мардум ошкор шуд. Корҳои падарам аз ваҳйи илоҳӣ сарчашма мегирад ва ғайр аз маслиҳату фоидаи миллат мақсади дигаре надорад, пас чаро аз дастуроташ сарпечӣ мекунанд? Гўё ояндаи хатарноке дар пеш бошад! Гўё тасмим гирифтаанд заҳматҳои падарамро поймол кунанд!

 



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 next