Иллати сулҳи Имом Ҳасан(а)



Ҳасан ибни Алӣ(а) имоми дуюми шиаён ва сибти акбар ва райҳонаи Расули Худо(с) ва сайиди ҷавонони аҳли биҳишт ва аз Асҳоби Кисо аст. Ба иттифоқи муфассирон ва муҳаддисони шиа ва суннӣ, ӯ ва Аҳли Байт(а) мисдоқи ояти Мубоҳила ва Татҳиранд, ки Худованд ба қадосати онҳо хабар додааст. Паёмбари Акрам(с) низ дар васфи ӯ ва бародари бузургвораш фармуда:

“Ҳасан ва Ҳусейн имом ва пешвоянд; чӣ биистанд (қиём кунанд) ва чӣ биншинанд (сулҳ кунанд)”.

Муҳимтарин бахши зиндагии Имом Ҳасан моҷарои сулҳи ӯ бо Муовия аст. Вуруд дар ин баҳс манут ба фаҳми ин матлаб аст, ки Имом Ҳасан бо Муовия байъат накард, фақат бо шароите сулҳ кард. Дар байъат ҳеҷ гоҳ байъаткунанда шарт таъйин намекунад. Дар ҳоле ки ҳамаи шароити сулҳро Имом Ҳасан таъйин кард ва сипас ин шароит аз суи ду тараф ба имзо расид. Акнун ба шарҳи илали имзои ин сулҳнома мепардозем:

1 – Илми Имом Ҳасан(а)

Имомони маъсум ҳуҷҷатҳои Худо бар мардум ҳастанд ва аз ин ру рафтор ва гуфторашон ҳуҷҷат аст. Бар ин асос, сулҳи Имом Ҳасан(а) амале аст, ки аз суи ҳуҷҷати Худо анҷом шуда ва қатъан далоили бисёр мустаҳкам ва мутқане дошта, гарчи дигарон онро надонанд. Чунонки он ҳазрат худ бад-он ишора кардааст. Шайх Садуқ ба санди худ аз Абусаъид ривоят карда, ки гуфт: Вақте ба назди Имом Ҳасан рафтам ва ба он ҳазрат арз кардам: Эй фарзанди Расули Худо(с), чаро бо ин ки медонистед ҳақ бо шумост, бо Муовияи гумроҳ ва ситамгар сулҳ кардед?

Иом фармуд: Эй Абусаъид, иллати мусолиҳаи ман бо Муовия ҳамон иллати мусолиҳае аст, ки Расули Худо(с) бо Бани Зумра ва мардуми Макка анҷом дод. Онон кофир буданд ба танзил (зоҳири Қуръон) ва Муовия ва асҳоби ӯ кофиранд ба таъвил (ботини Қуръон).

Эй Абусаъид, оё надидӣ, ки Хизр(а) вақте он писарро ба далели сурох кардани киштӣ ва кушт ва он деворро барпо дошт, Мусо(а) ба кори ӯ эътироз кард; зеро сирри онро намедонист, аммо вақте иллати онро фаҳмид, розӣ шуд. Ҳамин гуна аст, кори ман ки чун шумо сирри онро намедонед, маро ҳадафи эътирози худ қарор додаед.

2 – Ҳифзи дин

Яке аз илали муҳимми сулҳи Имом Ҳасанро метавон ҳифзи дин унвон кард, зеро вазъияти ҷомеаи исломӣ дар шароите қрор дошт, ки мумкин буд ҷанг бо Муовия асли динро аз байн барад. Ҳамчунин авзои берунӣ нишон медод, ки Руми Шарқӣ омодаи ҳамлаи низомӣ ба мусалмонон буд.

Аз суи дигар, мардум низ аз назари фаҳангӣ дар вазъияте қарор доштанд, ки хунрезӣ ва ҷанг навъе бадбинӣ ва муқаддасотро бавуҷуд меовард; чунонки борҳо фармуд: Тарсидам решаи мусалмонон аз замин канда шавад ва касе аз онон боқӣ намонад; аз ин ру бо мусолиҳае, ки анҷо гирифт, хостам дини Худо ҳифз шавад.



1 2 next