Далоили шаҳодати Имом Ҳасан ба дасти Муовия



Табаронӣ аз Абӯбакр ибни Ҳафс ривоят карда, ки мегӯяд :  “Саъд ва Ҳасан ибни Алӣ дар замони Муовия аз дунё чашм пӯшидаанд ва (мардум) мӯътақиданд, ки Муовия бар ӯ (Имом Ҳасан) заҳр додааст”  . Санади ин хабар комилан саҳеҳ мебошад  .Албатта ваҳҳобиҳо дар бораи ингуна хабарҳо найрангҳои аҷабу ғариб доранд, ки дар матни форсии ин китоб ба намунаҳое аз онҳо ишора кардем  .

عن قتادة بن دعامة السدوسي قال :  سمت جعدة ابنة الاشعث بن قيس الحسن بن علي وكانت تحته ورشيت على ذلك مالا  .

Қутода мегӯяд :  “Ҷӯъда духтари Ашъас ҳамсари худи Ҳасан ба ӯ заҳр дод ва барои ин кораш пул гирифт  .(“Мустадрак”-и Ҳоким, ҷ 3, саҳ 176)  .

Ибни Абдулбар мегўяд :  

قال قتادة وأبو بكر بن حفص  :  سم الحسن بن علي سمته امرئته بنت الأشعث بن قيس الكندي وقالت طائفة :  كان ذلك منها بتدسيس معاوية إليها وما بذل لها في ذلك وكان لها ضرائر فالله أعلم ؛

Кутода ва Абўбарк ибни Ҳафс гуфтаанд :  Ба Ҳасан ибни Алӣ заҳр дода шуд ва ҳамсараш духтари Ашъас ба вай заҳр дод ва тоифае гуфтаанд :  Духтари Ашъас ин корро бо дастури Муовия анҷом дод  . .  .  .

Мадоинӣ аз бузургони қарни дуюм мегӯяд :

وكانت وفاته في سنة تسع وأربعين وكان مرضه أربعين يوما وكانت سنه سبعا وأربعين سنة دس إليه معاوية سما على يد جعدة بنت الاشعث بن قيس زوجة الحسن وقال لها :  إن قتلتيه بالسم فلك مأة ألف وأزوجك يزيد إبني  .فلما سمت الحسن ومات به وفى لها بالمال ولم يزوجها من يزيد وقال لها :  أخشى أن تصنع بابني كما صنعت بابن رسول الله صلى الله عليه وسلم  .

“Имом Ҳасан дар соли 49 ҳиҷрӣ аз дунё рафт ва 40 рӯз мариз буд ва 47 сол дошт  .Муовия ба василаи Ҷӯъда бар ӯ заҳр дод ва ба ӯ ваъда дод, ки агар Ҳасанро бо заҳр бикушӣ, сад ҳазор ба ту медиҳам ва туро ба ҳамсарии Язид медароварам  .Вақте бо ин амали ӯ Ҳасан чашм аз дунё пӯшид, Муовия ба ӯ пулро дод, вале ба издивоҷи Язид надаровард ва гуфт :  “Метарсам, ки писарамро ба монанди писари Паёмбар бикушӣ”  . Айни ҳамин суханони Мадоиниро Замахшарӣ низ дар “Рабиъул аброр”-аш (боби 81) нақл кардааст  .

ومات الحسن شهيدا مسموما دس معاوية إليه وإلى سعد بن أبي وقاص -حين أراد أن يعهد إلى يزيد ابنه بالامر بعده-سما فماتا منه في أيام متقاربة  .



1 2 3 4 5 next