Иллати сулҳи Имом Ҳасан(а) (2)



Ноумедӣ аз вусул ба ҳадаф бо иқдоми низомӣ: ҳадафи асосии низоми имомат, ҷомеашиносӣ ва нигаҳдорӣ аз ҷомеатуннабӣ аст. Ҷанг ва сулҳ умури фаръиянд, ки дар масири ҷомеасозӣ, ба далели таорузи бинои ҷомеаи ҷадид бо манофеи гурӯҳҳое, ки аз вазъи собиқ баҳра мебаранд, пеш меояд, вагарна имомон фориғ аз ин умур, машғули ҷомеасозии исломӣ ва таҳаққуқи  мадинату набӣ мешуданд.

Имом Ҳасан(а) ҳам дар ин масир ночор бо ҷанг шуд ва пас аз танҳоӣ, ноумедӣ аз идомаи вусул ба ҳадаф бо иқдоми низомӣ пеш меомад. Имом ҳангоми имзои сулҳнома фармуд: “Инак пеш омадани ман, ба ноумедӣ аз ҳаққе, ки зинда дорам ва ботиле, ки бимиронам, расид.”

Пазириши гузинаи сулҳ: ин бахш аз тасмими Имом паёмади табии ҳаводиси пешин ва ноумедӣ аз вусул ба ҳадаф бо ҷанг буд. Ривоёте, ки Имом Ҳасан дар онҳо мегӯяд: “Агар ёроне медоштам сулҳ намекардам…” гӯёи ин аст, ки Имом сулҳро ба унвони стратегия иттихоз накард; балки тибқи вазъияти мавҷуд ночор ба истифода аз он шуд.

Бахши дуюм: осори сулҳ

Оё фоидаҳое, ки Имом аз тарки ҷанг ба даст меовард, қобили рақобат бо дастоварди Муовия буд? Оё дастоварди Имом Ҳасан(а) аз ин иқдом бештар аз дастоварди эҳтимолии вай аз ҷанг буд?

Дар сурати марҷуҳ будани дастовардҳои Имом, он ҳазрат набояд сулҳро бипазирад. Осори оянда нишон медиҳад, ки дар ҳар ду сурат дастовардҳои Имом роҷеҳ буд.

Барои ин манзур бояд осори сулҳро мурур кунем.

Бақои низоми имомат:

Аслитари асари сулҳ бақои низоми имомат барои ҳифзи Ислом буд. Имом дар ҷавоби Абӯзари Ғаффорӣ фармуд: “Хостам ҳофизе барои дин боқӣ бимонад”

Бақои шиаён:



1 2 3 next