Иллати сулҳи Имом Ҳасан(а)



Бахши аввал: Далелҳои сулҳ

а) Аз манзари ҷабҳаи Муовия:

Ҳадафи аслии Муовия “вусули камҳазина ба ҳадаф” (яъне ҳамон ҳукумат) буд; зеро медонист соҳиби аслии ҳукумат  Имом Ҳасан(а) аст ва барои ба даст овардани ҳукумат бояд – ҳарчанд дар зоҳир – соҳиби аслии онро қонеъ ва мутааҳҳид бисозад. Бароварда шудани ҳадафи Муовия аз тариқи сулҳ буд.

Ба ин тартиб Муовия аз натиҷаҳои нигаронкунандаи ҷанг, ки борҳо ба он таъкид дошт ва оқибатҳои ҷанг бо фарзанди Расулуллоҳ(с), ки ҷойгоҳи маънавӣ ва эътқодии муҳимме байни мардум дошт, дар амон мемонад. Таърих ҳам нишон медиҳад ҳадафи Муовия “султа” буд, ки бо сулҳ беҳтар таъмин шуд. Вай дар хутбааш дар Нахила  гуфт: “Ман бо шумо ҷангидам, ки султаи худро бар шумо собит кунам ва инро Худо (бо сулҳ) ба ман дод, дар ҳоле ки шумо норозӣ будед.”

Дар канори ҳадафи аслӣ, вай пиндошта буд канорагирии Имом Ҳасан аз ҳукумат ба фоидаи ӯ, дар афкори умумӣ ба маънои канорагирӣ аз хилофат талақӣ хоҳад шуд ва ӯ ба унвони халифаи қонунӣ муаррифӣ хоҳад шуд. Муаййиди ин назар байате аст, ки Муовия аз мардум ба унвони хилофати худ мегирифт.

Дастоварди дигар ин буд, ки дар сурати радди сулҳ аз сӯи Имом ва идомаи ҷанг ва шаҳодати Имом, ҳеҷ дастовез (баҳона)-е барои қиёмҳои мухолифон ва … намемонд.

Равшан аст, ки бо пазириши маслиҳатии сулҳ аз сӯи Имом Ҳасан(а) ва ба баёни дигар пазириши “тарки мухосима”, дастоварди рафъи масъулият дар сурати қатли Имом, аз байн мерафт. Дар бораи ҳисси судҷӯёна ва расидан ба хилофат ҳам, ки Имом Ҳасан борҳо ҳатто назди худи Муовия мавзӯи вогузории муваққати ҳукумат ва тафкики ҳукумат ва хилофатро матраҳ мекард.

Дар мавриди ҳадафи аслии “вусули камҳазинаи Муовия ба ҳукумат” сухан хоҳем гуфт.

б) Далоили сулҳ аз манзари ҷабҳаи Имом Ҳасан(а):
Ҷараёншиносии дақиқи ду тарафи мутаориз (солиҳон ва носолиҳон) нишон медиҳад, “дунёзадагӣ ва бединӣ”-и мардум дар ниҳоят мӯҷиби пазириши сулҳ аз сӯи Имом Ҳасан шуд; бинобарин он ҳазрат ин дуро ба унвони омили сулҳ муаррифӣ ва бо таъбири “абиду дунё”; яъне дунёпарастон аз онон ёд мекунад.
Нуқоти авҷи ин рӯйкардро метавон дар истиқбол накардани мардум аз ҳузур дар урдугоҳи ҷанги Имом Ҳасан ёфт, ба гунае, ки Имом Ҳасан фармуд: … “Шигифто аз мардуме, ки пай дар пай на ҳаё доранд, на дин … уф бар шумо эй дунёпарастон … “

Ҳамин тавр дар сар додани шиори зиндагӣ, вақте ки Имом фармуд: “Муовия моро ба чизе фаро хондааст, ки иззат ва адолат дар он нест. Агар зиндагии дунёро мехоҳед, мепазирам ва ин хор дар чашмро таҳаммул мекунам ва агар маргро бихоҳед онро дар роҳи Худо арзонӣ медорам.” Ровӣ мегӯяд: ҳама фарёд заданд: “ бал бақияту валҳаёт”.



1 2 next